Зеҳн
Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

МАЛЛИМИ МАН

(Ба аввалин муаллимам

Ҳамроҳи Хӯҷам)

Омад ӯ бе каси ҳидоятгар,
Омад ӯ бо асобағал ногоҳ.
Гашт ворид ба синф бо як пой,
Гармдидор, марди дилогоҳ.

Куртаи хокиранг дар бар дошт,
Мӯзаи нимдошт дар пояш.
Кордида, ҳаётсанҷида,
Ташнагӣ буд дар нигаҳҳояш.

Дар куҷо мондааст пояшро?
Аз куҷо ёфт ин асояшро?
Духтаре бо умед мепурсид,
Ӯ дар он сӯ надид акояшро?...

Баъдо дар ҷабини ин одам
Ҷилвагар шуд ба мо ватан яксар –
Марду зан дар либоси сарбозӣ,
Пиру барнош ҷумла дар сангар.

Аз ватан ҳар гаҳе сухан мегуфт,
Гӯиё ӯ дарун - дарун месӯхт.
Мебаромад шарора аз нафасаш,
Чашми шафқат ба рӯи мо медӯхт.

Буд моро саволи бисёре,
Дар ҷавоб ӯ агарчи дармемонад.
«Шоҳнома» зи ёд мехонд ӯ,
Гӯӣ «Қуръон» ба точикӣ мехонд...

То ки бошем мисли ӯ дилёб,
Раҳ гирифтем ҷониби фардо,
Ӯ ба як чашм мардумонро дил,
Ӯ ба як пой гашт дар дунё.

пешина
аз 44
навбатӣ