Зеҳн
Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ХУНИ ШОИР

(Ба ёдбуди Ҳабиб Юсуфй)

Магар гул будиву бо умри гул қонеъ шудӣ, шоир?
Ту булбул будиву ҳаргиз сурудатро набуд охир.
Ба васфи кишвари обод, Ба васфи кишвари озод Суханро болу пар бахшидаву пироя барбастӣ, Ба савти тозаат хомӯшии ин базм бишкастӣ.
Хазоне тохт боғатро, Аду бишкаст болатро...
Кӣ бо шеван ба хокат монд?
Сари хокат кӣ ашк афшонд?
Кӣ гуфто алвидову бар фалак бардошт мушташро, Ва лаънат хонд қисматро, Адуро, ҷангу қулфатро?
Ва нафрин гуфт бар дунё?
Аҷаб не, дар канори Висла ҳар Наврӯз рӯи барф Зи хуни гармат акнун лолаҳо рӯянд бас шангарф,

Шавад дар духтаре ҳайрон, Ба меҳри лола саргардон.
Аҷаб не, хуни покат Висла рӯи мавҷҳояш бурд, Дар укёнусҳо хуни ту тӯфони дигар бардошт, Шаби торик ба раҳгумкарда мардон раҳнамоӣ кард.
Аҷаб не, як замон он қатраҳои хуни покат боз Фуруд ояд ба оби Дарғам1 аз ҳар абри гардунтоз.
Зарафшон гирад оғӯшат, Бибӯси хоки гулпӯшат.
Зи нав чун лола аз хоки диёри хеш бархезӣ, Зи нав бо атри гулҳои баҳори хеш омезӣ.
Навои кишварат хонӣ,
Суруди дилбарат хонӣ...
Вале ту зиндаи ҷовид,
Дар ин ҷо шеъри ту хонанд, Агар қабрат намедонанд, Ҳама қадри туро донанд.

Дарғам - рудест дар самти ҷануби шаҳри Самарқанд.

пешина
аз 44
навбатӣ