Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Пас аз ин гург ба назди обмӯрӣ омада, барои он ки бузро қулайтар гирифта, аз об гузарад, таккаҷаро ба замин гузоштааст. Ана дар ҳамин вақт таккаҷа маос зада, маро аз хоб бедор кардааст. Гург бошад, фурсатро аз даст надода, ҳамон лаҳза таккаҷаро ба обмӯрӣ кашола карда даромадааст.
Ҳамсоямон бо зану бачаҳояш дар рӯи суфа хоб мекард. Суфа аз обмӯрӣ дар масофаи се-чор қадам воқеъ гардида буд. Вай шалаппас зада аз об баромадани гургро шунида, милтиқашро, ки дар болои сараш будааст, гирифта даррандаи бадкирдорро паррондааст...
Ба ҳамин тариқ, чӣ тавр ба бачагонаш дуздиро ёд додани гургро фаҳмида гирифтам.
МУАЛЛИМАИ СУРАЙЁ
Сурайё аз паси тиреза ба берун назар кард. Осмонро тумани ғафс фаро гирифта, чеҳраи тобони рӯзро тира карда буд. Вай «Китоби хониш»-ро ба рафи тиреза гузошта, палтояшро сари китф партофт ва берун баромад.
Ҳаво нам буд ва ба димоғи одам бӯи борон мерасид.
- Дар ин ҳавои нам куҷо меравӣ? - пурсид модараш Нозгул аз тиреза сар бароварда.
- Дур намеравам, берун баромада, ба суфачаи паси дар мешинам, - ҷавоб дод Сурайё.
Остинҳои Нозгул то ориҷ барзадагӣ, панҷаҳояш хамиролуд буданд. Вай аз қафо ба ҷуссаи хурди духтараш, ки бо сари хам сӯи дарвоза мерафт, нигоҳ кард

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё