Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

ва сар ҷунбонда табассум намуд. Ин, албатта, бесабаб набуд. Дере нагузашта Сурайё ба назди модараш омада, хоҳиш кард:

  • Оча, ман хамир кунам...
  • Ҳанӯз вақти хамиркунии ту нарасидааст, - ҷавоб дод Позгул. - Хона мерӯбӣ, об мебиёрӣ, пиёзу сабзӣ пора мекунӣ... Ҳоло ҳаминаш кифоя. Ман аз қоидаю қонуни мактаб бохабарам. Соли оянда, дар синфи панҷ хӯрокпазиро ёд медиҳанд...

Сурайё ноумед шуда, ба хонаи дарун даромад, бо чӣ кор машғул шуданашро надониста, чанд дақиқа китоб варақ зад. Азбаски майли хондан надошт, китобро ба рафи тиреза гузошту оҳиста аз дар баромад.

Сурайё дар дами дарвозаи ҳавлӣ ба қафояш назар кард: модараш наменамуд. «Ақаллан нагуфтанд, ки хамир рост кун, зувола гир...» - гуфт дар дил Сурайё ва аз дарвоза баромада, кӯчаро холӣ дид. Танҳо калзоғҳо қар-қаркунон аз болои сар парвоз карда, мегузаштанд. Ногоҳ дар дами дарвозаи ҳавлии муқобил ҳайкали писарбачаи телпакпӯше намудор шуд. Телпаки сиёҳ дар сараш якпаҳлӯ меистод ва гӯшакҳояш овезон буданд. Вай Сурайёро дида, муш барин лабу бинияшро ҷунбондан гирифт.

  • Чӣ хел бачаи масхарабоз ту! - гуфт Сурайё ва абрӯ чин карда, аз ӯ рӯ тофт.

  • Ҳой Сурайё, яки дастнорасакам, гурбачаи балоякам...

  • Бас, бас! - гуфт Сурайё бо оҳанги ҷиддӣ. - Модарам духтур, падарам директори завод гуфта ин қадар ҳавобаландӣ накун!

  • Ҳа-а, алам кард!

Ин писарбачаи телпакпӯш Надим ном дошт. Сурайё дар синфи IV «Б», Надим дар синфи IV «А» мехонд. Надим табиатан бачаи шӯх буд ва масхараву шӯхиро дӯст медошт, Сурайё бошад, ин гуна сифатҳоро намеписандид. Ин духтари хурдҷуссаи сиёҳчашм ва сабзина

пешина
аз 349
навбатӣ