Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

аз дурӯти бофта баровардааш хурсанд шуда, лекин ин хурсандии ӯ дер давом накард. Сурайё ҷавоб дод.

  • Усмонзода-ку шогирди Нозимова, пас чӣ хел омӯзгорашонро сарзаниш мекардаанд? Ба гапи мезадагиат худат ҳам сарфаҳм намерави-а!

  • Ба ҳар ҳол, маълумоти Усмонзода баланд, вай дар донишгоҳ хондааст. Нозимова чӣ? - гуфт Надим наздиктар омада.

  • Канӣ, гап зан?

  • Маълумоти Нозимова ҳам кам не, аз Усмонзода бештар таҷриба доранд. - ҷавоб дод Сурайё.

  • Аз хусуси қаҳрамониҳои Усмонзода чӣ мегӯӣ? - гуфт Надим ногоҳ солҳои ҷанг қаҳрамонӣ нишон додани муаллимашро ба хотир оварда. - Вай ду ордени Шараф ва нишону медали бисёр дорад. Нозимова чӣ?

  • Нозимова ҳам ордену медаллҳо доранд. Ҳатто орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат... худашон муаллимаи хизматнишондода...

Надим ин дафъа ҳам гап гузаронда натавониста, аламаш боз зиёд шуду кам не.

  • Ҳар кӣ бошад-бошад, лекин ҳаминашро нағз шунидам, ки «куҳансол ва камсавод ҳастед» гуфта аз вазифаи муаллимӣ озод карда, ба нафақа мебаровардаанд, - гуфт Надим пешонаашро хорида.

  • Киро аз вазифаи муаллимӣ озод кардаанд? - пурсид Сурайё бо оҳанги ҷиддӣ. - Кӣ куҳансолу камсавод будааст?

  • Кӣ мешуд, Нозимова-дия. Сурайёи ботамкин якбора оташ гирифта рафт. Вай дар ҳолате, ки қариб буд аз гиребони Надим чанг занад, гуфт:

  • Чаро дар шаъни Нозимова суханҳои нораво мезанӣ, бешарм? Ба ростӣ, ту бачаи беҳаё будай!

  • Худат беҳаё!

  • Не, ту беҳаё!

  • Не, не, ту беҳаё!

Сурайё дид, ки Надим тайёр аст гапҳои аз ин ҳам

пешина
аз 349
навбатӣ