Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
дағалтар занад, сӯи дарвозаашон қадам ниҳода, хандида гуфт:
-
Беҳтараш, фиси биниатро пок кун, шорида ба даҳонат медарояд! Хайр, бачаи фисин! Надим ин дафъа ҳам ҷавоби обдор дода натавонист ва аз ғазаб муштонашро фишурда монд. Дар берун сим-сим борон меборид, гоҳ-гоҳ шамол мевазид ва баргҳои ҷо-ҷо дар шохаҳои дарахтон боқимондаро ба ҳар тараф парешон мекард. Дар ҳаво паррандае пар намезад, бештари онҳо дар анбӯҳи шохаҳои сербарги чинорҳои азим, ки дар шаҳрамон хеле бисёранд, пинҳон шуда гирифтаанд. Аз зоти паррандаҳо танҳо гунҷишкони хокистарранги дидадаро чириқ-чириқкунон бо ҳамдигар гап мезаданд, агар дарҳо кушода бошанд, мавриди қулай ёфта парида, ба пешғаҳи хонаҳо меомаданд ва аз рӯи гилем нонрезаҳоро ҳарисона тез-тез нӯл зада, чида мехӯрданд.
-
Дарро пӯш, духтарам, аз тамошои гунҷишкон чӣ фоида мебинӣ. Хона хунук шуд, - гуфт модар ба рӯи миз дастархон паҳн карда. - Эҳтимол падарат наоянд, худамон хӯрок мехӯрем.
-
Имрӯз - рӯзи истироҳат-ку, оча?- тааҷҷуб кард Сурайё.
-
Ҳа, рӯзи истироҳат, лекин падарат кор доранд, кори ҷамъиятӣ, - фаҳмонд Нозгул,- ба комиҷроияи шаҳр рафтанд, калонҳо ҷеғ задаанд...
Ба хона Надим даромада омад. Дар дасти ӯ як коғази панҷсӯма буд. Вай бо қирраи чашм ба Сурайё як нигоҳ карда гирифту баъд пулро ба Нозгул дароз карда гуфт:
-
Оҷаам доданд, дар бозор аз шумо қарз гирифта будаанд.
-
Ҳа, қарз гирифта буданд, - гуфт Нозгул. - Дугонаам худам барин парешонхотир будаанд, пул нагирифта ба бозор рафтаанд. Хайр, ин ҳоҷати гуфтан надорад. Нишин, Надимҷон, ҳамроҳи мо хӯрок хӯр.
-
Шикамам сер, - ҷавоб дод Надим ва боз бо қирраи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё