Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
- Писари дадош-дия, - ҷавоб дод Ҳалим. - Генерал, албатта, барои дидани Усмонзода ба мактаби мо намеояд, лекин Надим... Гуфтан чӣ ҳоҷат!
Вақте ки Ҳалиму Сурайё ба мактаб омаданд, хонандагон дар роҳрав ба назди тирезаҳо ҷамъ шуда, аз ҳар хусус сухан меронданд. Қадоме аз бачаҳо сарашро аз дар берун карда, фарёд кард:
- Бачаҳо! Меоянд!..
Ҳама давида назди дар омаданд ва ҳамдигарро тела дода, ба берун назар карданӣ шуданд.
- Канӣ, канӣ?! - шунида шуд овози бачаҳо аз ҳар тараф.
Боз ҳамон бача ҷавоб гардонд:
- Ана, Мансур тозон меояд. Вай, эҳтимол, онҳоро дида бошад...
- Генералро дидӣ, Мансур?
Он бача, ки ӯро Мансур номиданд, чуқур-чуқур нафас гирифта, сони гуфт:
-
Ҳанӯз наомадаанд? - ва ноумед шуда илова кард:
-
Боз ман «дер мондам» гуфта, аз саросемагӣ на палто пӯшидаму на телпак...
-
Вай онҳоро дар куҷо дида метавонист! - гуфт як бачаи дигар.
-
Генерал дар ин хел рӯз пиёда намегардад!
-
Эҳтимол, тамоман наояд? - илова кард сеюмин. Бо шунидани ин суханҳо ҳама маъюс шуданд. Дар ҳамин вақт аз кабинети директори мактаб муаллимаи Сурайё Шоиста Нозимова баромада монд. Вай зани чилу нӯҳсола, миёнақади фарбеҳ, сурхинарӯ ва мӯйҳои сараш бармаҳал тамоман сафедшуда буданд. Сурайё Нозимоваро дида, чеҳрааш кушода шуд ва давида назди ӯ омад.
-
Ин генерал кӣ будааст, муаллимаҷон? Вай аз куҷо? - пурсид Сурайё аз Нозимова.
-
Ту ҳама чизро донистан мехоҳӣ! - навозишкорона гуфт Нозимова. - Ин хуб аст, албатта. Генерал ҳамин ҳафта ба Душанбе омадааст. Коркунони комсомол

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё