Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

хоҳиш кардаанд, ки дар бораи Артиши Шӯравӣ ва корномаҳои худ ба мактаббачагон ҳикоя кунад. Вақте ки ба ӯ кадом як мактабро тавсия кардаанд, гуфтааст: «Ба кадом мактаб рафтанамро баъдтар худам мегӯям». Пас аз як рӯз ба коркунони комсомол телефон карда, мактаби моро ном гирифтааст.

  • Чаро мактаби моро интихоб кардааст?

  • Инро аз худи генерал пурсидан даркор, авизакам, - ҷавоб дод муаллима.

  • Шумо ӯро намешиносед?

  • Не, ман ҳанӯз ӯро надидаам, - гуфт муаллима, - вале шунидам, ки Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ будааст. Одами бисёр наҷиб мегӯянд.

Ҳамин вақт ба мактаб ҷавонзане даромада омад, ки дар бар палтои сурхи чармин дошт. Вай бо муаллима самимона вохӯрдӣ карда, баъд гуфт:

  • Ҳозир генерал меояд. Вохӯриро дар куҷо мегузаронем?

  • Дар клуб, - ҷавоб дод муаллима ва ба бачагон муроҷиат карда гуфт: - Канӣ, фарзандони азиз, ба клуб рафтем!

Ҷавонзан котиби кумитаи шаҳрии комсомол буд. Ӯро бачагон хуб мешинохтанд. Вай клуби мактабро, ки хуб оро дода шуда буд, аз назар гузаронд. Дар деворҳо газетаҳои деворӣ, шиорҳо ва суратҳои санъати тасвирӣ овехта шуда буданд. Дар рафчаҳои тирезаҳо ва рӯи мизи дарозе, ки дар пешгаҳи саҳнаи клуб меистод, гулдонҳо дида мешуд. Бачагон дар пештоқи саҳнаи клуб алвони сурхи дарозе овехта, дар рӯи он бо ҳарфҳои калон навишта буданд: «Хуш омадед, меҳмонони азиз!».

  • Бибед, Розияҷон, - гуфт муаллима ба ҷавонзан муроҷиат карда, - хонандагони мо клубро ба пешвози генерал чӣ хел хуб оро додаанд!

Ҷавонзан ҳоло бепалто буд. Костюми қаҳварангаш, ки ба қади мавзун ва чеҳраи гулгунаш шинам меомад, ӯро боз зеботар карда нишон медод. Вай ҳам як

пешина
аз 349
навбатӣ