Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

падару модаронамон норозӣ будем, вале ба тақдирамон тан дода, аз гапи онҳо набаромадем...

  • Чаро падарам ҳуҷҷатҳои Хадиҷаро аз мактаб гирифтанд? - пурсид Саттор аз модараш, вале апаашро гирён дида, суханони падарашро ба хотир овард. - Оча, рост аст, ки Фозиламак вафот кардаанд? Хадиҷа назди аммаам меравад?

  • Ба ин гапҳо кордор нашав, агар падарат фаҳманд, гӯшҳоятро аз бехашон бурида мепартоянд! - гуфт модар чашмонашро ало карда. - Кӣ будани падаратро худат медонӣ!

Гап задан он тараф истад, Саттор ҳатто ба рӯи падарат рост нигоҳ карда наметавонист. Ҳозир вай ҳақиқати гапро донистан мехост, вале аз чӣ сабаб бошад, ки модараш «ба ин корҳо ту кордор нашав», - гӯён ӯро огоҳ карда монд. Пас дар «таги коса нимкоса» будааст, ягон гапу коре ҳасту онро аз Саттор пинҳон медоранд.

  • Аз куҷое буд, ки падари Саттор Ҷӯрабой масту аласт калавида-калавида ба ҳавлӣ даромад. Вай ҳуҷҷатҳои Хадиҷаро ба пеши пои занаш партофта, ба духтараш ало-ало нигоҳ карда монд.

  • Ба ин, ҷавонимарг гӯй, ки аз ҳавлӣ набарояд, худашро аз чашми мардум пинҳон нигоҳ дорад, - гуфт Ҷӯрабой ба занаш. Пас вай ба Саттор рӯ оварда, таъкид кард. - Ту, тирмизак ҳам, даҳонатро пӯш! Ҳар касе, ки Хадиҷаро куҷо шуд, ё куҷо рафт гуфта пурсад, гӯй, ки ба хонаи аммаамон рафт. Фаҳмидӣ?

Саттор бо ишораи тасдиқ сар ҷунбонд. Ҷӯрабой қаноат ҳосил карда, ба хонаи дарун даромад ва ба рӯи кӯрпача дароз кашид. Дере нагузашта аз хонаи дарун садои хурроккашии ӯ ба гӯш расид.

Саттор аз ин гапҳо ҳеҷ чиз нафаҳмид. «Чаро падарам таъкид карданд, ки Хадиҷа аз ҳавлӣ набарояд ва худашро ба мардум нишон надиҳад? Чаро ман инро

пешина
аз 349
навбатӣ