Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
омада рафта буданд-ку? Баъд ин, ки аммаам се фарзанд не, балки буду шуд як писар доранд, ки вай ҳам бошад, ба яслӣ меравад...» Бо шунидани ин суханони падараш Саттор тоқат карда натавониста, ба синф баргашт. Навакак саргузашти бачаи шӯх, зиндадилу соҳибихтиёри Италия - Пепе ӯро ба ваҷд оварда буд, лекин ҳозир, пас аз шунидани суханони дурӯғи падар, рӯи дилашро ким-чи хел пардаи сиёҳе фаро гирифт ва худашро нохушу парешонхотир ҳис кард. «Хадича... Ӯро аз хондан мононда, ба куҷо мефиристода бошанд? - фикр мекард Саттор. - Шояд, худи Хадича донад?» Саттор ҷаста аз ҷояш хест, вале бо шунидани садои занг оҳиста дар ҷояш нишаста монд. Ҳамсинфонаш ҳам шавқкунон ба синф даромаданд. Қадоме аз рафиқонаш ба паси гарданаш як чиртӣ зада гуфт: «Ҳа, кундай ҷувоз, китобхонӣ ба дилат назад? Наход, ки ба танаффус набаромада бошӣ?» Аммо Саттор ҷавоб нагардонд, ба рӯи он бача нигоҳ ҳам накард. Авзояш беҷо, дилаш гаш буд. Вақте ки дарс сар шуд, инро муаллима Маҷидова ҳам пайхас кард, зеро Саттор сарашро аз рӯи парта набардошта, дам ба дам оҳ мекашид, ба худ мепечид.
-
Ба ту чӣ шуд, Саттор? - пурсид муаллима.
-
Сарам дард мекунад, - ҷавоб дод ӯ ва аз дурӯғ гуфтани худ мисли лаблабу сурх шуд.
-
Дарс ки тамом шуд, ба духтури мактаб муроҷиат кун, маслаҳаташро гиру ба хонаатон рав, - бо сари дардманд дарсро гӯш кардан зарар дорад, - гуфт Маҷидова ғамхорона ва Сатторро ба ихтиёри худаш гузошт.
Ҳамин ки дарс тамом шуд, Саттор зада аз синф баромад ва тозон-тозон сӯи ҳавлиашон рафт.
Дар хона падараш набуд, модараш Хайрихон духтараш Хадичаро, ки сарашро ба рӯи зонуҳои модар гузошта, зор-зор мегирист, тасаллӣ медод.
- Гиря накун, духтарам, - мегуфт модар, - мо ҳам дар синну соли ту гиря карда будем, аз таклифи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё