Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

медиҳанд», гуфтанд. Охир, кӣ будани падарамро худат медонӣ!

Ҷӯрабои одамкуш! Бо шунидани ин ном одамон абрӯ чин мекарданд, аз ҳамсӯҳбате, ки ин ду калимаро ба забон мегирифт, рӯ метофтанд. Ҷӯрабой дар ҷавониаш одами ҷоҳил, сангдил буд, ба саҳл гап бо одамон даст ба гиребон мешуд, корд мекашид. Зани аввалаашро, гарчанде дӯсташ медошт, рашк бурда кушт ва ҳабс шуд. Чанд соли умри ҷавонашро дар ҳабс гузаронида, аз он ҷо гӯё дигар шуда баромад: чун пештара бо ҳар гап даст ба гиребон намешуд, касеро намеранҷонд, ҳамеша аз паси кори худ буд, бо вуҷуди он одамон аз ӯ ҳазар мекарданд, кӯшиш мекарданд бо вай бонахӯранд ва ҳамгап нашаванд. Инро пай бурда, Ҷӯрабой зиёфате орост ва ба воситаи рафиқонаш навъе карда, аҳли гузарашро ба хона даъват намуд ва дар ҳузури ҳама қасам хӯрд, ки касеро озор намедиҳад ва то метавонад ба одамон хубӣ мекунаду бадӣ не. Пас аз ин аҳли гузар ӯро хонадор карданд, вале лақаби «одамкуш»-ро аз номи вай набардоштанд: дар набуданаш ӯро ҳамеша «Ҷӯрабои одамкуш» гӯён ба забон мегирифтанд. Ба ҳар ҳол, Ҷӯрабой азоби рӯҳӣ мекашид, ба худаш наздик нашудани одамонро дида, аз аламу ҳасрат пинҳонӣ шароб менӯшид. Ин ба вай одат шуда монд ва рафта-рафта ошкоро шароб менӯшидагӣ шуд. Солҳои охир кор то ба ҷое расид, ки масту аласт дар қади кӯчаҳо афтида мемонд, ду-се рӯз ба кор намебаромад. Борҳо ӯро огоҳ карданд, танбеҳ доданд, нафъе набахшид.
Охири охирон аз ҷои кораш ронданд. Баъд вай бо дӯкондор Эгами чӯтур унс гирифта, ба насия шароб менӯшид. Вақте ки қарзи Ҷӯрабой аз сад сум гузашт, Эгам пул талаб кард. «Гов, бузу гӯсфанд дорам, як-дӯ сарашро фурӯхта пулатро медиҳам», - ҷавоб дод Ҷӯрабой, вале аз занаш, аз аҳли гузар андеша карда, алҳол ба ин кор ҷуръат накарда мегашт. Аммо ба

пешина
аз 349
навбатӣ