Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Эгам пул даркор набуд, вай духтари ҷавони Ҷӯрабойро мехост. Бинобар он фурсатро ғанимат дониста, худаш барин як нимҷамуллои фосиқро миёнарав карда, назди Ҷӯрабой фиристод. Мулло аз номи худою расул, аз шариат сухан ронда, бо ҳиллаю найранг Ҷӯрабойро розӣ кунонд. Маслиҳат карданд, ки тӯйро пинҳонӣ дар шаҳри Душанбе мегузаронанд. Инак, Хадичаи бечора аз тарси он ки падараш ҷазо надиҳад, гап назада ва муқобилият нишон надода, гирёну нолон дар хона менишаст...

Ин хабар Сатторро ҳам ғамгин кард. Вай аз назди Хадича хеста, бо сари ҳам ба лаби ҷӯе, ки аз поёни ҳавлӣ, аз назди дарахтони олуболу мегузашт, рафта нишаст.

Гӯё сирру асрори дилашро ба оби равон гуфта, аз вай маслиҳат пурсидани буд. Боз симои бачаи шӯх, зиндадилу соҳибихтиёри Италия - Пепе, дар пеши назараш ҷилвагар гардид. Баъд дигар қаҳрамонҳои дӯстдоштааш - Гаврош, писархонди полк, гвардиячиёни

пешина
аз 349
навбатӣ