Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҷавони Краснодон ва дигаронро ба хотир овард. Чӣ хел ҷасур буданд онҳо! Саттор ҳам орзу мекард, ки монандӣ онҳо нотарс ва ҷасур бошад, монандӣ онҳо диловарии нишон диҳад, вале ҳозир хабари ба шавҳар додани апаашро, ки нав шонздаҳсола шудааст ва дар ин синну сол ӯро ба чанголи Эгами қаллоб додан гуноҳи азим аст, шунида ғам мехӯрду чӣ кор карданашро намедонист. Бо кӣ маслиҳат кунад, рози дилашро ба кӣ гӯяд?
Саттор аз ҷояш ҷаҳида хест, лаҳзае фикр карда истоду сони зада ба берун баромад. Вай бо Хадича ва модараш маслиҳат накарда, назди директори мактаб Қосимов, ки одами ғамхор, табиатан ҳалиму меҳрубон буд, омад ва тамоми гапро гуфта дод.
— Пионер бояд ана ҳамин хел рафтор кунад! Ташаккур ба ту, Сатторҷон! — Гуфт директори мактаб. — Хотирҷамъ бош, кор ба хубӣ анҷом меёбад. Хадичаро ҳам ором кунон, лекин аз хусуси сӯҳбати мо ба дигарон ҳарфе назан!
Ба Саттор маслиҳати директор хуш омад. Вай бо хотири ҷамъ аз мактаб баромада, роҳи хонаашонро пеш гирифт.
Ҳуҷраи кории директори мактаб. Қосимов ва чанд нафар муаллимони мактаб Ҷӯрабойро интизоранд. Онҳо аз чӣ гап сар кардан ва чӣ гуфтанашонро медонанД. Қосимов дина бегоҳӣ, пас аз рафтани Саттор, бо ду-се нафар ҳамқадаҳҳои Эгам ҳамсӯҳбат шуд, ҳамин хел гап зад, ки гӯё мувофиқи хабари шунидааш Эгам аз шаҳр зан гирифтагӣ шуда, тӯйро дар ҳамон ҷо мегузаронда бошад. Онҳо аввал худро ба нодонӣ заданд, вале пас аз баланд шудани кайфашон лаққида, сирри Эгамро фош карданд. Қосимов бо мулло низ сӯҳбат кард, ҷиддӣ, аз номи қонун гап зад. Мулло тарсид ва иқрор шуд. Акнун бо худи Ҷӯрабой сӯҳбат кардан зарур буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё