Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Номи Салимро ба забон оварду ба хотираш худи ӯ расид. Падару модар Салимро ба ихтиёри вай гузошта, худашон бозор рафта буданд. Баҳодур ба атроф чашм дӯхт. Салим дар паси танаи ток ҷӯҷаеро аз гарданаш дошта гирифта буд ва ҳар лаҳза дасти чапашро афшонда, худро аз ҳамлаи мокиён, ки қад-қади кӯдак хез зада, мехост фарзандашро аз чанголи ӯ раҳо кунад, муҳофизат мекард.
-
Ҳой, Салим, сар деҳ чӯҷаро! Сар деҳ... - фарёд кард Баҳодур аз ҷояш ҷаста. Аммо Салим чӯҷаро сар надод. Баҳодур давида назди Салим рафт, мурғро пеш кард ва чӯҷаро аз дасташ кашида гирифт. Чӯҷа кайҳо мурда буд.
-
Дидӣ, чӯҷаро куштӣ! Ту ганда, туро атата кардан даркор!
Салими сесола лӯб-лӯндаи беором буд, ба ҳар чиз даст мезад, сагу гурба ва мурғу чӯҷаҳоро озор медод, ҳатто духтаракони аз худаш калонсолро меранҷонд: рӯяшонро ҳанҷол мекард, аз мӯяшон мекашид. Чӣ мегӯед, ки хислат ва кирду кораш бо маънои калимаи Салим, ки нармдилӣ ва меҳрубониро мефаҳмонд, мувофиқат намекард. Баҳодур бо Салим овора гардида шалпар мешуд ва нафасашро рост карда, мегуфт: «Не, полвонча, ман баҳодур не, ту баҳодур. Агар маро Салиму - туро Баҳодур меномиданд, дурусттар буд». Салим аз таҳдиди Баҳодур натарсид, баръакс, қиқиррос зада хандид. Баҳодур чӯҷаи мурдаро аз дасти Салим кашида гирифту паси ток партофт. Баҳодур «Ба гапам гӯш намекунӣ?!» гуфту чашмонашро ало карда, лелаҳояро оҳистаяк ба рӯи Салим расонда гирифт.
Салим ҳам гуноҳашро ҳис кард ва якбора фиғон бардошт.
- Ана, халос! - гуфт Баҳодур чашмонашро калон кушода.- Шатта нахӯрда, гиря мекунӣ-а? Ҳа, мугамбире, медонӣ, ки гуноҳ кардӣ-а?
Салим филиқ-филиқкунон гиря карда, бо овози гирифта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё