Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ким-чӣ талабид. Баҳодур ноилоҷ нарм шуд ва пурсид:

  • Чӣ мехоҳӣ, Салимҷон?
  • Қаймоқ, - гуфт Салим.
    Дар як канори суфа, ки аз сатҳи замин ним қади одам баланд буд, сабати калони каллапӯшмонанде меистод. Одатан дар таги он ширу ҷурғот, қаймоқ ва равғани зард нигоҳ медоштанд. Баҳодур сабатро бардошт ва як пиёла қаймоқ гирифта, онро назди Салим гузошт.
  • Ана ин қаймоқ, гиря накуну хӯр...
    Салим хурсанд шуда қаймоқро лесидан гирифт. Баҳодур хотирҷамъ шуда, ба ҷояш омада нишаст ва боз иншо ба ёдаш расид. Падару модараш ба таври оддӣ хоксорона ҳаёт мегузаронданд ва ҳеҷ гоҳ яке ба дигаре бо оҳанги омирона гап намезаданд, - аз чеҳраи ҳар ду ҳам нури лутфу саховат меборид. Аммо ин ба Баҳодур чандон завқовар нанамуд. «Агар падару модари ман ҳам падару модари ҳамсинфам Шоқули олуфта барин мебуданд...» - дар дил гуфт Баҳодур.
  • Ҳар ду ҳам маълумоти олӣ доранд, дар идораҳои боэътибор кор мекунанд, лекин гапи якдигарро намефаҳманд, баҳсу мунозира, манша мекунанд... Падару модари ман-чӣ? Гапҳошонро гӯш мекунеду овозашонро намешунавед: ҳамин ки лаб ба табассум кушоданд, аллакай чӣ гуфтанашонро мефаҳмед ва худатон ҳам беихтиёр табассум мекунед...».

Баҳодур мизеро, ки падараш маҳз барои дарстайёркунии ӯ сохта буд, аз хона овард, дафтарро кушод ва боз аз чӣ карданашро надониста, ба фикр фурӯ рафт. Салим бошад, овоз намебаровард: сараш хам буд ва саросема нашуда, қаймоқ мехӯрд. Аз куҷое буд, ки дар шафати Салим мори алои хокистарранге пайдо шуд. Мор оҳиста сар бардошта, ба даруни коса назар кард, сонӣ забони сиёҳи қайчимонандашро баровард ва аз қаймоқ чашид.

пешина
аз 349
навбатӣ