Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Салим морро диду ҳайрон шуда монд: вай намедонист, ки ин «меҳмонони нохонда» аз куҷо омад, чаро ба хӯроки ӯ шарик шуд...

Морро Баҳодур ҳам диду аз тарс дар ҷояш шах шуда монд: охир, ин ҷӯҷа не, мор буд, море, ки одамро заҳр зада мекушҳад! Аммо Салим наҳаросида ором менишаст ва аз мор чашм намеканд.

Шояд қаймоқ ба мор маъқул шуд, ки ба Салим аҳамият надода онро лесидан гирифт. Ин кори мор ба Салим хуш наомад. Вай нигоҳ кард-нигоҳ карду баъд ба ғазаб омада, аз гардани мор дошта гирифт.

Мор зӯр мезад, ки аз дасти Салим раҳо ёбад, лекин наметавонист. Салим гардани морро боз сахттар фишурда, дам ба дам мегуфт: «Боз мехӯрӣ? Боз мехӯрӣ!...»

Танаи ҷилодори печутобхӯрдаистодаи мор дар дасти Салим овезон шуда, аз ҳаракат монд. Мор мурд. Баҳодур ба худ омада, аз ҷояш ҷаҳида хест ва аз пештара ҳам сахттар тарсид: Салим сари мори беҷонро дам ба қаймоқ меӯтонд ва дам ба даҳон мебурд. Вай қаймоқро аз сари мор лесида мехӯрд...

  • Ҳой, нахӯр, исто!.. - фарёд зад Баҳодур ва як хез зада худро ба Салим расонд, аз дасташ морро кашида гирифт ва ҷасади беҷони ӯро ба як тараф ҳаво дод.

Баҳодур боз назди ҷояш омад ва косаро тамоман холӣ дида, ба андеша афтод. «Салим қаймоқи заҳролуд хӯрд, боз намирад?» - гузаронд аз фикраш. Аммо Салим ғайричашмдошти Баҳодур худро нағз ҳис мекард ва саргарми бозӣ буд.

Вай аспаки чӯбини ёлдарозашро, ки дар поёни суфа гелида мехобид, ба по рост кард ва аз ҷилаваш дошта-давр занондан гирифт: «Мор ё безаҳр будааст, ё заҳр доштаасту ба қаймоқ напартофтааст», - фикр кард Баҳодур ва хотирҷамъ шуда, ба ҷояш омада нишаст. «Чӣ мешавад, агар воқеаи рӯйдодаро нависам?» - гуфт Баҳодур ручкаро ба давот тар карда, ба

пешина
аз 349
навбатӣ