Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ман ба ҷойҳои дуродур, ба теппаю пуштаҳои махмалин, ба кӯҳҳои қулласафед, Гулнора бошад, фақат ба лонаи парранда, ба фохтаоча менигарист. Фохтаоча хобу бедор ба рӯи тухмҳояш менишасту дам чашмонашро мепӯшид ва дам мекушод, - кушода ба Гулнора чашмак мезад, гӯё ин ишораи саломи вай буд. Он пагоҳии рӯзи баҳор, борону шамол, раъду барқ ва шикастани навдаи тутӣ марворид аз лавҳи хотири мо ҳанӯз нарафта буд, ки як пагоҳӣ осмон боз тира шуда, шамоли сахт бархест. Дере нагузашта шиддати тӯфон паст шуда, борон борид. Борон тамоми рӯз ист накард. Фохтаоча на аз гулдурроси раъд метарсиду на аз шамолу борон. Ба ҳамааш тоб оварда, дар лонааш менишаст. Вай модар буд, чӯҷа бароварда, калон кардан мехост.

Лекин пас аз мондани борон сардӣ таҳдид кард ва ҳатто рӯи об яхи қаймоқақ баст. Гулнора аз хоб бедор шуду дарҳол ба паси тиреза, ба фохтаоча нигарист.

  • Ота, - гуфт ӯ, - фохтаоча хунук намехӯрад? Ба ростӣ, чӣ ҷавоб доданамро надонистам. Кӣ медонад, ки аз ин сармои ногаҳонӣ ҳолу аҳволи фохтаочаи бечора чӣ шуда бошад!

Ман ҳам назди тиреза омада, ба лона назар кардам: фохтаоча чашмонашро пӯшида менишаст. Аммо фохтаота бесаранҷом менамуд. Вай дар атрофи тут парвоз карда, дам ба дам ба лонааш омада менишаст ва бо нӯли худ фохтаочаро нихта мекард. Аз куҷое се фохтаи дигар омада монданд. Онҳо ҳам ба атрофи лона нишаста, фохтаочаро нихта кардан гирифтанд. Гулнора ин ҳолатро дида гуфт:

  • Фохтаоча сахт хоб кардааст, ҳеҷ бедор намешавад.

Бесаранҷомии фохтаота ба ман аён гардид. Фохтаоча ба умеди ин ки тухмҳояш нобуд нашаванду дар

пешина
аз 349
навбатӣ