Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ҳар ҳолате набошад, чӯҷа барорад, лонаашро партофта нарафтааст, лекин аз сардии ҳаво дар ҷояш шах шуда мурдааст.

Ман ба лона даст дароз карда, фохта-очаро гирифтам. Ҷисми ӯ ҳанӯз гарм буд. Ин воқеа Гулнораро ғамгин кард. Ӯ бо оҳанги ҷиддӣ гаштаю баргашта аз ман мепурсид:

  • Акнун тухмҳо чӣ мешаванд? Чӣ шудан ё нашудани тухмҳоро худи ман ҳам намедонистам, бинобар он ба Гулнора ҷавобе надода, фохтаи беҷонро аз лона гирифта, ба рӯи навдае гузоштам.

  • Акнун фохта-ота танҳо монд? - пурсид Гулнора.

  • Ҳа, танҳо монд, - ҷавоб додам, - дигар бо ҳеҷ кас ҳамсар намешавад...

Дар мавридҳое ки фохтае мемирад, фохтаи дигар яъне ҳамсараш тамоми умр танҳо ҳаёт ба сар мебарад. Аммо аз ёрӣ додан ба ҳамҷинсонаш даст намекашад: дар лонасозӣ ва паррончак кардани бачаҳои онҳо мадад мерасонад. Ман инро ба Гулнора бо суханони зерин фаҳмондам:

  • Ҳа, фохта-ота дигар оча намегирад, худаш танҳо умр мегузаронад...

Гулнора боз саволе доданӣ шуд, лекин дар ин дам фохта-отаро дида, хомӯш монд. Фохтаи аламзадаю мискин ба рӯи тухмҳо, ба лона худаш нишаст. Дере нагузашта фохтаҳои дигар, ки эҳтимол аз мусибати ӯ аллакай огоҳӣ ёфтаанд, ба вай обу дон оварда додан гирифтанд.

  • Ота, бинед, - гуфт Гулнора лонаро нишон дода, - фохта-ота...

  • Ҳа, акнун фохта-ота ба ҷои фохта-оча нишаста худаш чӯҷа мебарорад.

Баргҳои зарифи кабуд, ки дирӯз аз пумбакҳо зада баромада буданд, ҳоло калонтар шуда, панҷаҳои тару тозаи навдаҳоро оро дода, дар зери шуоъҳои

пешина
аз 349
навбатӣ