Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Боре аз радио садои ҷаз — бам-буму тақар-тақари нақора, ҷарангоси тақсими мисину карнай ба ҳам омехта баланд гардид. «Аҷаб мусиқии гӯшкаркунанда ва асабрасе!» — аз дил гузарондам.
— Дадо, дадо! — фарёд кард Гуландом баногоҳ.
— Моҳичаҳоро бинед, ҷои гурез мекобанд.
Наздик омада ба моҳичаҳо назар кардам. Онҳо ба ҳаяҷон омада, худро ба ҳар канор мезаданд ва ҷои гурез меҷустанд. Даррав манзараи дигар — чӣ тавр ба филҳо таъсир расондани мусиқӣ, ки аз навори синамое дида будам, ба хотирам расид. Филҳо низ ҳангоми баланд гардидани садои ҷаз айнан мисли моҳичаҳо ба ҳаяҷон омада, гӯё девона шуда бошанд, дар панҷара худро ба ҳар тараф мезаданд. Аммо ҳамин ки садои мусиқии равону форам баланд мегардид, зуд ором мешуданд ва ба зарби он сар ҷунбонда, ба рақс медаромаданд.
Ман радиоро хомӯш кардам. Моҳичаҳо низ ором шуданд. Он гоҳ ба воситаи радиола мусиқии дилпазире шунавондам. Моҳичаҳо дар таҳти садои форами мусиқӣ дар об ҳамвор шино карда, оҳиста-оҳиста ба рақс даромаданд. Гуландом шодикунон фарёд кард:
— Дадо, моҳичаҳоро бинед, рақс мекунанд!
Ман ҳам фурсати қулайро аз даст надода, ба вай гуфтам:
— Дидӣ, мусиқии хубро моҳичаҳо низ дӯст медоранд. Ту чӣ? «Мусиқачӣ мешавам» гуфта ҷарангоси лаълиро мебарорию ба ман халал мерасонӣ.
— Дигар халал намемерасонам, дадо, — ҷавоб дод Гуландом ва мисли одамони калонсол нигоҳи маънидоре карда, илова намуд:
— Лекин мусиқачӣ мешавам.
— Албатта!
Аз байни ду сол гузашт. Имрӯз Гуландом ғиҷчак дар даст аввалин бор ба остонаи мактаби мусиқии бачагона қадам гузошт, аммо вай сабақи аввалинро он рӯз аз моҳичаҳо гирифта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё