Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
- Лекин худам ба андеша афтода фикр мекардам: чӣ кор кунам, ки Гуландоми ман мусиқии ҳақиқиро аз ҳар хел садоҳои дилгиру гӯшкаркунанда фарқ карда тавонад.
Як рӯз писарбачаи ҳамсоямон - Юнус аз мағоза моҳичаҳои зинда харида оварду дутоашро, ки нисбатан хурд буданд, ба Гуландом ҳадя кард.
Мо як зарфи қарабоиро об пур карда, моҳичаҳоро дар он сар додем. Моҳичаҳои ба назар нимҷон якбора ба ҳаракат даромаданду шиппикунон худро ба қаъри об заданд ва аз он ҷо каҷ-каҷ ба мо назар карданд.
Гуландом ангушташро ба об ғӯтонда, ба моҳичаҳо расонданӣ шуд, лекин онҳо думҳояшонро ҷунбонда зуд худро дур гирифтанд.
-
Метарсанд, - гуфт Гуландом ва аз ман пурсид: - Онҳо чӣ мехӯранд?
-
Кам-кам нонреза, - ҷавоб додам.
Гуландом пораи ноне оварда, майда карда ба об партофт. Аммо моҳичаҳо, ки ба мо ва ба ҷои нави худ одат накарда буданд, ба ин лутфи Гуландом аҳамият надоданд...
Аз байн чанд рӯз гузашт. Моҳичаҳо рафта-рафта ба Гуландом одат карданд. Ҳатто дар мавридҳое, ки вай ба онҳо даст мерасонд, намегурехтанд ва ҳатто бо майл тахтапушташонро дошта меистоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё