Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
дар аснои бозӣ афтида пояшро маъюб накард, аз бозии футбол даст накашид. Як вақт ғӯлакандозӣ карда мегашт. Чӣ шуд, ки боре санги аз ғӯла раҳоёфта рост рафта, ба чойники чой зад. Чойник шикасту бо ҳамон Ғаюр ҳам ғӯлакандозиро қатъ кард. Аз байн андаке нагузашта, ба кабӯтарбозӣ завқу ҳавас зоҳир намуд, ки ин ҳам мувофиқи табъи дили модаркалон набуд. Хусусан пас аз он, ки Ғаюр дар охири соли таҳсил аз фанни забони модарӣ баҳои «2» гирифтам гӯён хабар овард. Ҳанифахола сабру тоқатро аз даст дод. «Ғаюрҷон хоҳад ё нахоҳад, кабӯтарбозиро ба ӯ манъ мекунам, - мегуфт ба худаш Ҳанифахола: - Ин бозӣ нею дарди сар будааст».
- Ғаюр! Ҳой, Ғаюрҷон! - баланд шуд овози Ҳанифахола.
Аз дур тани қоматбаланди Ҳанифахола дар сару либоси сафед ба ҳайкали мармарие монанд буд, ки гӯё дар марғзоре гузошта бошанд. Кампир дақиқае чанд аз як нуқта чашм наканда, дар интизори ҷавоби Ғаюр хомӯш истод. Дид ки ҷавоб нагирифт, ба лаби суфа наздиктар омаду ин дафъа баландтар фарёд кард:
«Ҳой, Ғаюрҷону-у...»
Аз куҷое Ғаюр давида омад. Дар танаш эзору майка, пой ва сари лӯблӯндаи покутарош кардааш бараҳна, дар ду дасташ ду кабӯтар.
Кабӯтарҳоро ба ҳаво сар доду назди модаркалонаш омада пурсид:
- Чӣ мегӯед, бибиҷон?
Ҳанифахола боз айнакро ба чашмонаш гузошта, ба рӯи кӯрпачаҳои нармакак, ки дар суфаи пеши хона, аз болои гилем як қад партофта шуда буданд, нишаст.
- Ту набераи кӣ?
Ҳар боре ки Ҳанифахола ҳамроҳи Ғаюр нағзакак
сӯҳбат карданӣ мешуд, албатта, аз ҳамин савол шурӯъ
мекард. Ғаюр ҳам, эҳтимол, маротибаи садум бошад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё