Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ки ҷавоб медод: «Набераи шумо, бибиҷон». Аммо ин дафъа худдорӣ карда натавониста хандида-хандида, бо овози маҳин ҷавоб дод:

  • Набераи бибеш...

Ғаюр дар хурдсолиаш ана ҳамин хел паст ва бо овози маҳини кӯдакона гап мезад.

  • Чаро механдӣ?

  • Гумон мекунед, ки набераи кӣ буданамро намедонам?

  • Агар донӣ ҳам, боз гӯш кун: борҳо гуфтам ва боз мегӯям, ки набояд аз гапи ман бароӣ. Агар нияти танбеҳ додан медоштам, ҳамон рӯзе, ки «ба имтиҳони тирамоҳӣ монданд» гуфта хабари нохуш овардӣ, хуб таънаю сарзаниш мекардам. Аммо дилам нашуд, «бачаи бечораам бе он ҳам ғамгин будагист» гуфта андеша кардам. Туро ҷазо дода, виҷдонамро ба азоб мондан нахостам. Акнун фурсати гап расид. Боз ва боз мегӯям, ки ба гапҳоям хубтар гӯш деҳ, аз гуфтаҳоям набаро, одати бачаҳои бадрафторро ёд нагир. Лекин ту бошӣ...

  • Чӣ, ман гуноҳ кардам?

  • Бо кабӯтарҳо овора шуда, ба имтиҳони тирамоҳӣ мондӣ... Магар ин гуноҳ нест?

  • Айби кабӯтарҳо чӣ, айби худам-дия, хуб диққат накардам, саросема шудам, хатҳоро каҷу килеб ва ғалат навиштам...

  • Кабӯтарҳо сабабгоранд, онҳо вақтатро мегиранд. Аз ҳамин рӯз сар карда намегузорам, ки ту кабӯтарбозӣ кунӣ!

  • Намегузоред?

  • Ҳа, намегузорам. Худат ҳам бо ҳар ду гӯшат шунида будӣ, ки падару модарат пеш аз истироҳат рафтанашон: «Ғаюр беҷогардӣ накунад, бо кабӯтарҳо камтар машғул шаваду бисёртар китоб хонад» гуфта чӣ қадар таъкид карда буданд.

пешина
аз 349
навбатӣ