Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Падару модарамро, ки ҳанӯз дар хурдсолиам вафот карда буданд, хуб дар хотир надорам, - сар кард сарҳадбон. - Ягона парасторе, ки маро бо меҳру муҳаббати тамоми тарбият мекард, модаркалонам буд. Вай ҳеҷ гоҳ аз падару модарам гап намекушод, гумон мекард, ки ман номи онҳоро шунавам, ғам мехӯрам ва азоб мекашам. Модаркалонам шумо барин раҳмдил буд, аз ҳаёти гузаштаи мардуми Украина афсонаҳои аҷоибу ғароиб гуфта медод ва ман ба шунидани онҳо одат карда будам. Шабҳое ки модаркалонам майли нақл кардан надошт, ба ҷону ҳолаш намегузоштам ва маҷбур мекардам, ки ақаллан ягонто афсонаи кӯтоҳе гуфта диҳад.

Боре модаркалонам хоҳиши маро рад карда натавонист ва то бевақтии шаб афсона гуфт. Азбаски ман дер хоб кардам, пагоҳӣ дар вақташ бедор нашудам. Як вақте бедор шуда шунидам, ки дар хона ду кас - модаркалонам ва марде аз хусуси ман гап мезаданд.

  • Ман пир шудам, имрӯз не- фардо аз дунё чашм мепӯшам, он гоҳ ҳоли набераи ман чӣ мешуда бошад? - мегуфт модаркалонам бо овози хаста.

  • Ғам нахӯр Прасковья Ивановна, - тасалло медод мард. - Мо ҳеҷ касро ба кӯча бароварда намепартоем. Вақте ки домодат дар ҷанги Финляндия ҳалок гардид ва духтарат касал шуда, вафот кард, мо туро аз хотир набаровардем, гову гӯсола додем, бому даратро аз нав сохтем, нафақа муқаррар кардем... Юрикро низ хору зор шудан намемонем...

Ин раиси колхозамон Ходул Афанасиевич Настенко буд, ки ман ӯро зуд аз овозаш шинохтам. Вай марди сурхинарӯи қоматбаланд буд, мӯйлабҳои шофмонанд дошт. Ба дидан кас ӯро хеле бадхашм мепиндошт, аммо дар асл Ходул Афанасиевич одами хушмумилӣ ва ғамхор буд.

пешина
аз 349
навбатӣ