Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
чӣ хел паррандаи аҷиб будани кабутарро ба он кас фаҳмонда диҳам, лекин ту аз ин хусус алҳол ҳарфе назан...»
Медонед, бибиҷон, ин кабутари кӣ? - гуфт ӯ ва хатро ба кисааш андохт.
-
Ту надонӣ, ман аз куҷо донам, баҷем.
-
Кабутари Юрий Наумович, лейтенант, сарҳадбон. Навиштааст, ки ҳозир ба маркази ноҳия меравам, лекин як сари қадам назди модаркалонат медароям.
-
Ҳамон сарҳадбони кабутар додагӣ? Бо нон, чою қаймоқ зиёфат карда будем-а?
-
Ҳа, худи ҳамон.
-
Ба вай мегӯям, ки ба ту дигар кабутар надиҳад. Бачаи бадхон чию кабутарбозӣ чӣ?
Посгоҳ чандон дур набуд, бинобар он дере нагузашта садои муҳаррики мотосикл шунида шуда, баъд аз каме вақт худи Юрий Наумович ба ҳавлӣ даромада омад. Вай ҷавони миёнақади серӯшт, гандумгун ва малламӯ буд, дар аснои гап задан забонаш мегирифт ва бинобар он кӯшиш мекард, ки суханҳоро канда-канда, вале фаҳмо гӯяд.
Ҳанифахола меҳмонро дида саросема шуд. Зуд дастархон паҳн кард ва гап аз гап баромаду аз Ғаюр шикоят карданро фаромӯш намуда, ба аҳволпурсӣ даромад.
-
Ман ятим калон шудам,- ҷавоб дод Юрий Наумович, - одамони нек маро тарбия карда, ба камол расонданд.
-
Қанӣ ҳикоят кун, писарам, ман шунавам, - хоҳиш намуд Ҳанифахола. - Ман ҳам ятим калон шудаам, лекин ҳозир, шукр, пири бадавлатам: духтар, набера, домод дорам. Хушу хурсандона зиндагонӣ мекунем, фақат ҳаминаш бад шуд, ки духтарам ба касалии тарбод гирифтор шуд. Ҳоло дар осоишгоҳ. Қанӣ, ҳикоят кун, писарам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё