Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Мижазадан дар паси дари баромадгоҳи роҳрав пинҳон шуд. Дақиқае нагузашта Азизҷонов ҳам омада монд ва аз воқеаи рӯйдода воқиф гардида, оромона пурсид:

  • Ин кори кӣ? Дари синф кушода буд ва Шомул ин суханҳои Азизҷоновро аз берун барҷало шунид. «Ҳозир маро хабар медиҳад» - фикр кард ӯ бо изтироб, вале баъди андак хомӯшӣ овози паст ва хираи Тоҷиро шунид, ки вай гуфт:
  • Ман...

Азизҷонов, аз афти кор, вақт надошт, ки сабаби чӣ тавр афтида шикастани гулдон ва садбарги хитоиро напурсида гуфт:

  • Имрӯз нағзакак фикр кунеду пагоҳ омада ҷавоб диҳед: дуруст рафтор кардаед ё не? - ва аз синф баромада истода, илова намуд: - Танҳо тоза кардани синфро аз хотир набароред.

Баъд Шомул ба хонаашон баргашт; вале дар бораи гуноҳи худ дурусттар фикр карда, боз зиёдтар дар ҳиҷолат монд, рӯҳан азоб кашид. «Ман чаро айбамро ба гардан нагирифтам, пинҳон шудам? Тоҷӣ-ку тамоман бегуноҳ буд? - пурсид ӯ аз худаш. - Ҳатто инро аз дили вай набароварда омадам...»

Ин фикр шаб низ аз сари Шомул дур нашуд. Баъди андешаҳои дуру дароз ногаҳ вай ба хотир овард, ки дар хонаи апааш айнан ҳамин хел як бех растанӣ - садбарги хитоӣ ҳаст, фақат каме калонтар ва сернавда. Чӣ бояд кард? Агар пурсад, илтимос кунад, апааш онро медида бошад? Албатта медиҳад, ба шарте ки Шомул гуноҳашро пинҳон накунад.

Шомул пагоҳии барвақт аз хоб хеста ба хонаи апааш рафт ва воқеаи шудагиро як ба як гуфта дод.

  • Кори хуб накардӣ, - ҷавоб дод апааш. - Хайр, гирифта бар, фақат айбатро пинҳон надор.
пешина
аз 349
навбатӣ