Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Азизҷонов чун барвақта аз дигарон пештар ба мактаб омад. Вай дар қабулгоҳ Шомул ва Тоҷиро, ки ӯро интизор буданд, дида монд. Мунтазири пурсиши директор нашуда, худи Шомул бо саросемагӣ ба гап сар кард ва воқеаи дирӯзаро сар то по гуфта дод.
- Ин корат софдилона, фақат ҳаминаш нағз нашудааст, ки гуноҳатро дер ба гардан гирифтӣ, - гуфт Азизҷонов ва ба Тоҷӣ муроҷиат кард: - Дили ту, писари нағз, ба рафиқат месӯхтааст.
Аз назди директор баромада, Шомул садбарги хитойиро ба ҳамон ҷои аввала, ба рӯи рафи тиреза гузошт. Тиреза кушода буд ва насими пагоҳӣ баргҳои онро, ки бештар ба баргҳои ниҳоли тут шабоҳат доштанд ва аз онҳо дида нозук ва равшантар ба назар менамуданд, ба пасу пеш алвонҷ медод.
Тоҷӣ баъди узрхоҳии Шомул ба назди тиреза омад ва аз садбарги хитойӣ чашм наканда, гуфт:
-
Гули зебо, аҷоиб, ман онро дӯст медорам. Шомул илова намуд:
-
Дар мактаб ба ғайр аз мо дигар ҳеҷ кас садбарги хитойӣ надорад.
Баъд аз якчанд дақиқа синфро овози хурсандонаяи бачаҳо фаро гирифт: онҳо ба ҷойҳои худ дар паси партаҳо нишаста, ба садбарги хитой бо ҳисси муҳаббат назар менамуданд, аммо намедонистанд ва фарқ намекарданд, ки ин гул - гули дигар, аз аввала калонтар буда, навдаҳояш дарозу сербарг аст. Тоҷӣ ва Шомул ба ҳамсинфонашон воқеаро, албатта, мегӯянд, вале ҳоло дар муқобили гули дӯстдоштаи худ, дар паси як парта ҳамроҳ нишаста, дар бораи он сухан меронданд, ки соли оянда садбарги хитой боз калонтар мешавад ва гул мекунад: гулҳояш низ хеле зебо мешаванд ҷигарӣ, суп-сурх...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё