Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

мардаро кашола карда берун мебароварданд. Онҳо пас аз ним соат ҳамаро дар рӯ ба рӯи калисои деҳа дар майдон ҷамъ карда, баъд ба дӯғу пӯписа ва пурсиш сар карданд.

  • Мардҳои шумо куҷо шуданд? - пурсид хунсардона немиси қоқинаи қоматбаланд, ки дар чашмаш айнак ва дар дасташ қамчини дароз дошт.

Ба ин савол пешакӣ ҷавоб тайёр карда шуда буд: ба артиш гирифтанд... Ба рафтанашон аз як моҳ зиёдтар шуд...

  • Чаро дурӯғ мегӯед! - ваҳшиёна бонг зад фашист ва бо қамчин хурду калонро задан гирифт. Оҳу фиғони одамҳо баланд шуд.

  • Ман назди падарам рафта, ӯро аз воқеа огоҳ менамоям, - гуфт Гритско. - Он ҷоро ба кабӯтар ҳам нишон медиҳам, шояд даркор шуда монад. Ту ҳеҷ куҷо нарав, канӣ бин, кор бо чӣ меанҷомад.

Гритско рафт, ман бошам, назоратамро давом медодам. Фашистон баъди зулму тааддии зиёд мардумро зада пароканда карданд. Навбат ба талаю тороҷи молу ҳол расид. Аз сандуқҳо ва буғчаҳо чизҳои арзишнокро интихоб карда мегирифтанд, гову гӯсола, хукҳои фарбеҳу мурғонро сар мезаданд, хуллас ҳар коре ки мехостанд, кардан гирифтанд.

Гритско қарибии сафед шудани рӯз ба хонаашон баргашт. Вай ин дафъа тамоми кирдори фашистони немисро ба қоғаз навишта, онро ба ҳалқаи пои Холдор баст. Холдор дар як нафас аз назар пинҳон шуд ва андаке нагузашта парвоз карда омад. Гритско онро ба рӯи дастонаш гирифт. Хат набуд.

  • Падарам хатро гирифта хондааст, - гуфт ӯ хурсандона ва Холдорро сила карда, ба ӯ обу дон дод.

Ана аз ҳамон рӯз сар карда, Гритско ва ман аз вазъияти деҳа ва рафтори душманон ба воситаи кабӯтари дӯстдоштамон Холдор ба Ходул Афанасиевич муфассал ахборот мефиристодем.

пешина
аз 349
навбатӣ