Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Дар ин ҷои ҳикоя кардан чеҳраи Ғаюр лолагун гашт, вай ба ҳаяҷон омада буд, дам нимхез шуда, гарданашро пеш меёзонд, дам абрӯ ҷин мекарду ангушт ба даҳон мебурд. Ҳанифахола мижа назада ҳикоятро гӯш мекард. Юрий Наумович бошад, ба қиёфаи набераю модаркалон назар намекард. Вай саргарми ҳикоят буд:
- Аз байн ду ҳафта гузашт. Ман фаҳмидам, ки дастаи партизании Ходул Афанасиевич борҳо ба роҳи калон баромада, ба дастаҳои душман ҳамла кардааст ва яроқу лавозимоти бисёре ғанимат гирифтааст.
Як рӯз фашистон модари Гритскоро барои он, ки зани раиси колхоз, зани коммунист буд, гирифта ҳабс карданд. Баъд аз ӯ боз ҳафт-ҳашт нафари дигарро ҳамчун одамони хавфнок дар таҳхонаи анбори колхоз маҳкам карданд. Гритско фурсатро аз даст надода, мактубчае навишт ва онро аз ҳалқаи пои кабӯтар гузаронидан мехост, ки ду фашисти ландаҳури хунукбашара ба ҳавлӣ даромада омаданд. Яке аз онҳо ба Гритско дарафтода, кабӯтарро аз дасташ зада гирифтан хост. Аммо Гритско дасти ӯро сахт газида кабӯтарро халос карданӣ шуд. Дар ҳамин вақт фашисти дуюм ханҷарро аз ғилоф кашида, ба шонаи Гритско зад. Хун фаввора зада ҳам либоси душманон ва ҳам кабӯтарро лолагун кард. Фашисти якум, ки дар вақти талош сараш ҳам буд, чӣ воқеа рӯй доданашро нафаҳмида, аз тарс кабӯтарро сар дода, худро қафо кашид, ҷасади Гритскои ҷасур гуппӣ карда, ба замин афтод.
Дар рӯи Ғаюр хун намонд, вай аз шиддати ҳаяҷон аз ғазаб меларзид, гумон мекардед худи ҳозир мушт бардошта аз ҷо бармехезаду ба душмании Гритско ҳамла мекунад. Ҳанифахолаи солхӯрда ҳам сар то по гӯш шуда менишаст: марги Гритскоро шунида ӯ низ мутаассир ва ғамгин шуда буд. Юрий Наумович давом дод:
- Ман дар хонаи муқобил дар паси тиреза нишаста будам. Дигар чӣ воқеа рӯй доданашро нафаҳмида

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё