Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

ЗАМБӮРУҒҲО

Дар канори беша, каме дуртар аз сари роҳе, ки он то деҳаи Петрово тӯл кашидааст, писарбачаи ёздаҳ-дувоздаҳсолае дар сар телпаки басе калони гӯшакдароз, дар тан нимтанаи васеи кӯҳнаи пахтагин ва шалвори дарози сари зонуҳояш дарбеҳкардашуда (аз афташ аз они ҷанговареро ба ӯ мувофиқ кунонда пӯшондаанд), поҳои лучашро ба замин дароз карда менишасту замбӯруғҳояшро «Як, ду, се, чор, панҷ...» гуфта гаштаву баргашта мешуморид.

Дар охир аз ин кораш хеле дилгир шуда, аз ҷо бархест ва ба роҳ чашм дӯхт. Аз тарафи деҳа як гурӯҳи тақрибан саднафарие меомад, ки дар он ҳам саворон буданд ва ҳам пиёдагон. Аз қафо дар рӯи ароба ду пулемёт гузошта шуда буд.

Писарбача зуд ба замин нишаста замбӯруғҳоро шумурдан гирифт: «Як, ду, се, чор, панҷ...»

Он гурӯҳ отряди ҷазодиҳанда буд. Фашистони немис ва ватанфурӯшон - политсайҳо писарбачаро дида, аз роҳ боз истоданд. Сардори отряди ҷазодиҳанда - афсари қоқинаи айнакдор ва политсаи чорпаҳлӯ ва рафидарӯи сурхина, ки мӯйлаби забзарди шофмонанд дошт, назди писарбача омаданд.

пешина
аз 349
навбатӣ