Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Политсай суханони Ҳиркоро ба немис тарҷума карда, баъд илова намуд:

  • Маълум мешавад, ки дастаи партизанҳо ба диверсия баромадааст. Нағз мешуд, ки сари вақт ба он ҷо расида, он чор нафарро нобуд мекардему дар атрофи лагер камин гирифта, баргаштани дастаро мунтазир мешудем. Боварӣ дорам, ки ягон нафарашон ҳам ҷон ба саломат намебаранд.

  • Ба ӯ гӯй, роҳро ба мо нишон диҳад! - гуфт афсари немис омирона.

Политсай ҳам ба писарбача гуфт:

  • Ту бояд партизанҳоро ба мо нишон диҳӣ!

  • Не, наметавонам, - гуфт Ҳирко бо илтиҷо.

  • Чаро наметавонӣ?!

  • Агар фаҳманд... Фаҳманд... оилаамонро аз як сар нест мекунанд...

  • Натарс, ҳеҷ кас намефаҳмад, - тасалло дод политсай. - Ғайр аз ин мо оилаи туро ба муҳофизати худ мегирем.

пешина
аз 349
навбатӣ