Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

он аст, ки аз ҳамин рӯз эътиборан дар деҳаи шумо ба ҷои шӯрои деҳа управа ҳукмронӣ мекунад. Мо шуморо сардори управа, яъне арбоби деҳа таъйин мекунем.

Сабуров:

  • Аз ӯҳдаи ин кор баромадани ман ба гумон, ягон одами чолоктарро меёфтед...

Комендант:

  • Ҳа-ҳа, хизмати Ҳокимияти Шӯравиро аз таҳти дил ба ҷо меовардед, зеро ба вай содиқ будед, лекин аз хизмат кардан ба империяи Германия саркашӣ мекунед? Чаро? Душмани вай ҳастед?

Сабуров:

  • Маро дуруст фаҳмед, ҷаноби обер-лейтенант. Ман душманию дӯстиро дар назар надорам, балки аз хусуси иҷрои хизмат гап мезанам. Дида истодаед, ки ман ланг ҳастам, вазифаи арбобӣ бошад, даву геҷ дорад, баъзан бо одамон мушт ба гиребон шудан лозим меояд. Ана ҷони гап дар куҷо!

Комендант:

  • Натарсед, ҷаноби Сабуров. Шумо дар паноҳи мо ҳастед, ҳатто занбӯр ба неш задан ҷуръат намекунад.

Сабуров бо шунидани ин суханҳои обер-лейтенант аз фикраш гузаронд: «Тӯшбераро хом шӯмурдаӣ аблаҳ, ҳанӯз кӣ будани одами шӯравиро нафаҳмидай. Наштар задан чӣ! Аз поят ба дор меовезанд, пӯстатро аз танат ҷудо карда, ба дарунат коҳ ҷой мекунанд!..».

Сабуров:

  • Агар сокинони деҳа...

Комендант:

  • Чӣ, сокинони деҳа?

Сабуров:

  • Розӣ нашаванд?

Комендант:

  • Медонед чӣ, ҷаноби Сабуров? Ҳокимияти Шӯравӣ бо қонунҳою демократияи худ мурд у рафт. Ба мо
пешина
аз 349
навбатӣ