Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хонданСтепан:
- Не, Варвараҷон, ман аз башараи комендант безорам.
Варвара: - Пас куҷо рафтан мехоҳӣ?
Степан: - Ба беша, мефаҳмӣ ба беша меравам.
Варвара: - Чӣ, дар беша паноҳ мебарӣ?
Степан: - Партизанҳоро ҷустуҷӯ мекунам ва агар ёбам, ба онҳо ҳамроҳ мешавам.
- Агар наёбӣ?
- Агар наёбам, пас намегардам, коре карда аз хатти пеши фронт мегузарам ва ба Аскарони Сурх ҳамроҳ мешавам.
- Мо ба мардуми деҳа чӣ мегӯем?
- Мегӯй ки ба шаҳр, назди комендант рафта буд.
- Агар одамони комендант ва ё худи ӯ туро суроғ карда ояд?
- Мегӯй ки ба шаҳр, назди комендант рафта буд.
- Баъд мо чӣ кор мекунем?
- Ту метавонӣ, ки баъди даҳ-понздаҳ рӯз бачагонро гирифта, ба деҳаи Винюково назди хоҳарат Оксана биравӣ.
Ҳамин тавр шабона Степан бо Варвара хайрухуш карда баромада рафт. Пагоҳӣ ҳангоми наҳорӣ Андрей аз модараш пурсид:
- Оча, падарам канӣ?
- Ба шаҳр назди комендант рафт, шояд бегоҳӣ биёяд.
- Чӣ, худаш рафт ё даъват карданд?
- Даъват карданд, писарам: ду политсай омада гап заданд ва Степанро ҳамроҳашон гирифта рафтанд.
Бегоҳӣ падараш барнагашт. Рӯзи дигар ҳам аз ӯ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё