Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
гвардиячиёни сафед ҳамкорӣ карда буд. Дар давраи коллективидонии хоҷагии қишлоқ бошад, бар зидди он баромад карда, бо вайронкорӣ машғул шуд, ки Ҳукумати Шӯравӣ барои ин кораш ба вай ҷазои сазовор дода буд.
Арбоби нав мардуми деҳаро азоб медод. Вай барои эҳтиёт даҳ нафар политсай оварда, бо ёрии онҳо молу ҳоли мардумро кашида мегирифт. Политсайҳо бо супориши ӯ ба хонаи Степан омада «шавҳари ту ба назди партизанҳо гурехта рафтааст» гӯён Варвара ва бачагони ӯро азият доданд. Вале ҳанӯз ба комендатураи немис маълум набуд, ки ё Степан ба назди партизанҳо гурехта рафтааст, ё партизанҳо ӯро дошта несту нобуд кардаанд. Бинобар ин политсайҳо Варвараю бачагони ӯро осуда гузоштанд. Лекин назоратро ба хона ва кору бори Варвара пурзӯр намуданд. Аз ин Варвара Михайловна бохабар буд.
-
Худо накунад, ки Степан ногаҳон омада, даррав ба дасти фашистон афтод, - Варвара Михайловна бо ташвиш гуфт ба писараш, - ана он вақт кораш тамом гуфтан гир.
-
Пас, падарам зинда аст? Дар куҷо? - бо ҳаяҷон пурсид Андрейка аз модараш. - Гап занед, ман рафта ӯро огоҳ мекунам.
-
Ҳамаи гап дар ин, ки дар куҷо буданашро намедонам, писарам, - ҷавоб дод Варвара Михайловна. - Кӣ медонад, эҳтимол зинда ҳам набошад...
Ҳар ду - модару писар оҳи чуқур кашиданд.
IV
Степан шабона ба беша расид ва дар анбӯҳи дарахтон барои хоб ҷои муносиберо интихоб намуда, пиҷакашро чорқат карду ба рӯи кундаи дарахте гузошт ва табассум карда ба худаш гуфт: «Минбаъд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё