Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Пискунов:

  • О балое, - ва ба Владимиров рӯ оварда, - аскаронат низ одамони ботадбиранд.

Владимиров ба Степан:

  • Арбоби деҳа будед?

Степан:

  • Маҷбуран таъйин карданд, сониян дар деҳа ба ғайр аз ман одами солим кам монда буд...

Пискунов:

  • Он чӣ, ки арбоби деҳаи Боровская Степан Сабуров мебошад, ба ман маълум аст, лекин намедонам: оё ҳамон Сабуров шумо?

Степан:

  • Дар деҳаи Боровская ғайр аз Степан Сабуров дигар одами ланг нест, - вай ду-се қадам пасу пеш гашта, ланг буданашро намоиш дод. Эҳтимол, дар бораи ланг буданам ҳам маълумот дода бошанд?

Пискунов:

  • Бале, гуфта буданд.

Владимиров ба Пискунов:

  • Ман ба Степан Сабуров як-ду савол дорам, иҷозат бидеҳ, бипурсам: ин ҷо ҳама одамони худӣ.

Пискунов:

  • Марҳамат.

Владимиров:

  • Чаро ба ақибгоҳ нарафтед: охир фашистон метавонистанд, шуморо ҳамчун корманди дастгоҳи шӯравӣ ҳамон замон парронанд!

Степан:

  • Бубахшед! Ба саволатон савол дода, баъд ҷавоб медиҳам: оё оиларо ба тақдири худаш ҳавола карда партофта рафтан мумкин аст?

Владимиров:

  • Не, албатта.

Степан:

пешина
аз 349
навбатӣ