Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Кори табъи дил: дегдонро аз ангишт пур мекардам, олав гурросзанон сӯхтан мегирифту ман дар гӯшае нишаста ба ҳузур китоб мехондам.

Се вақт таоми гарм мехӯрдам. Бегоҳ, ки мешуд, ба душ даромада, шустушӯ мекардам, либосҳои тоза мепӯшидам ва ба гардан галстук мебастам. Одами маро дидагӣ оловмон не, хизматчии ягон идора, ҳеҷ набошад, донишҷӯи донишкадаи олӣ мегуфт. Қисса кӯтоҳ, духтар ҳам ба ман одат кард, дил баст. Қариб зану шавҳар шуда будем, лекин... Саша дар ҷои нақли худ паси сарашро хорида хомӯш шуда монд. Анатолий бошад, бесаброна пурсид:

  • Чӣ, мурд магар?
  • Не, - ҷавоб дод Саша рӯяшро турш карда.
  • Пас, чӣ воқеа рӯй дод?
  • Падараш халал расонд.
  • Чӣ, ту ба вай маъқул нашудӣ?
  • Падараш маро надидааст, - вай дар Маскав буд ва... дар Вазорати корҳои хориҷӣ кор мекард, як замоне ӯро ба мамлакати хориҷа сафир таййин карданд. Лаънатӣ духтарашро низ ҳамроҳи худаш гирифта бурд.
  • Ба кадом мамлакат?
    Саша ба Анатолий каҷ нигоҳ карда, бо овози паст ҷавоб дод:
  • Ба Туркия, ба шаҳри Истамбул.
    Боз қаҳ-қоси партизанҳо баланд гардид. Ин дафъа Анатолий ҳам худдорӣ карда натавониста, хуб хандиду баъд гуфт:
  • Боз Туркия. Чин занад туро, Саша, охир дар Туркия Истамбул ном шаҳр нест. - Истамбул, Анқара ҳаст.
  • Бале, бале, - гуфт Саша баланд-баланд хандида, - Истамбул...
  • Ана дидед, - гуфт Анатолий ба Степан, ки ҳанӯз ҳам дарун ба дарун механдид, - фақат лоф мезанад, дурӯғ мегӯяд.
пешина
аз 349
навбатӣ