Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
аз канори беша дошта, партизан гӯён ба дор овехтанд. Хонаи Машаҳоларо барои он оташ заданд, ки гӯё овоза дар бораи бо роҳбарони колхоз ба ақибгоҳ рафтани писари калонии ӯ дурӯғ будааст. Вай дар беша паноҳ бурда, ба партизанҳо ҳамроҳ шудааст.
Фрюса ва ду духтарашро фашистон ба ҷои номаълум бурдаанд. Хулласи калом, деҳа мотамсаро гашта буд.
Онҳое, ки метавонистанд, ба ҳар тараф мегурехтанд, ба деҳаҳои дурдаст рафта сарпаноҳ меҷустанд.
Варвара низ нияти аз деҳа фирор кардан дошт, лекин мехост, ки пеш аз ин охирин бор шавҳараш Степанро бубинад ва бо вай видоъ кунад. Бинобар он вай ба Миша-бобо таъкид карда буд:
-
Агар ин дафъа Степан омада монад, навъе карда маро огоҳ кун, - ман ба вай гапи муҳим дорам.
-
Хӯб шудааст, - гуфт бобо, - ман ба пешвози Степан тайёрӣ дидам: як сатил арақи дастӣ ва гӯшти яхнӣ ба ҷо карда мондам.
-
Аз куҷо гирифтӣ? - тааҷҷуб кард Варвара.
-
Магар ту намедонӣ, ки ман бо арбоби деҳа «дӯсти наздикам»? - пурсид Миша-бобо бо табассум. - Медонӣ? Пас, гӯш кун. Вай аз куҷое ба ман як халта ҷуворимакка ёфта дода, фармуд, ки аз он арақи дастӣ тайёр кунам. Тайёр кардам ва як сатилашро худам гирифтаю боқимондаашро ба ӯ додам. Яхниро низ ӯ фармуд: гӯшти як барраи фарбеҳро дода, «нисфашро барои худат нигоҳ дор» гуфт.
-
Аз хусуси бо арбоб «дӯст» шуданат Степан ба ман гуфта буд, - хандид Варвара, - ба осонӣ ба дилаш ҷо шуда гирифтӣ. Қанд зан, бобо, хоҳиши маро ҳам фаромӯш накун.
Ҳамон шаб Степан омад, вале ба хонааш наздик шуда натавонист: дар атрофи хонааш чор нафар политсай гашту гузор мекарданд.
- Лозим меояд, ки ба деҳа ҳуҷум карда, фашистону
политсайҳоро қир намоему аҳолиро ба деҳаҳои ҳамсоя

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ