Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ба дигар тараф гурезад, вале фарёди ҷонҳароши модараш ва садои тири автомат ба хотираш омада, аз роҳ бозистод. Чашмонашро сиёҳӣ зер кард. Дилаш сахт-сахт задан гирифт, сараш чарх зад. Вай чашмонашро молида сӯи он кӯдак, ки ба хун оғушта мехобид, давид. Ба чашмонаш бовар намекард, ки ин ҷасади хоҳараш Галя аст. «Галя, Галяҷон, хоҳараки азизам...» — гӯён худро ба болои ҷасади хоҳараш партофта, ба навҳа даромад. Вай фарёди ҷонҳароше кашида, хоҳарашро бардошта ба хона омад ва ҷасади беҷони ӯро ба рӯи кати нимвайронае, ки дар рӯи ҳавлӣ меистод, гузошт. Ҳавлиро шинохта наметавонист. Лайка дар кунҷи ҳавлӣ даҳонашро кушода мурда мехобид. Аз даҳонаш хуни сиёҳ рафта, дар рӯи замин шах шуда буд. Дару тирезаҳои хона кушода, анҷому ускунаи хона чаппаю роста.
Андрейка ба ҳавлии ҳамсоя рафт. Дар он ҷо низ ҳеҷ кас набуд. Ба хонаи ҳамсинфаш Коля рафт. Дар он ҷо ҳам касеро пайдо накард. Ҳамин тавр даҳ-дувоздаҳ ҳавлиро дида баромада, касеро наёфт. Андрейка гирён-гирён ба хона баргашта, дар кунҷе ба замин нишаста монд. Вай чӣ кор карданашро намедонист. Назди ҷасади беҷони хоҳараш афтода, фигон бардошт: «Оҷаҷон, оҷаҷон, дадоҷон, шумо куҷоед?»
...Доду фарёди ӯро садои тирпарронии автоматҳо бурид, ки он аз тарафи беша баланд гардида буд. «Наҳод, ки ҳамаро тирборон карда бошанд-а? — гуфт Андрейка бо ҳаяҷон ва боз фигон кард: — Оҳ, очаҷкам... Надзяҷон...»
Андрейка зор-зор гиря мекарду дар полиз, дар зери дарахти гелос қабр мекофт. Вай бо азобе қабр кофта, ҷасади беҷони Галяро ба хок супурд худ ба дигар тарафи беша давида рафт, бо умеде ки тезтар ба дарунтари он дарояд ва шояд партизанҳоро дида монда, аз фоҷиаи рӯйдода онҳоро огоҳ намояд. Вай тез-тез роҳ мерафт, пешпо мехӯрд, меғалтид ва боз аз ҷо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо