Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
хеста роҳашро давом медод. Акнун дар забони ӯ ғайр аз калимаи «падарӣ, падарҷон» дигар сухане намеомад.
Вай якзайл фиқ-фиқ гиря карда, роҳ равон мегуфт:
«Падар! Падарҷон! Шумо дар куҷо?...»
...Степан бошад, дар қароргоҳи партизанҳо буд ва ҳамроҳи сардори отряд Пискунов дар бораи маҳв кардани политсайҳои деҳаи Боровская буда ва аз он ҷо бароварда, ба деҳаҳои дурдаст гуселонидани сокинонаш нақша мекашид. Як вақте ду партизан Миша-бобои бемадору беҳолро аз таги дастонаш дошта, ӯро қариб бардошта, ба заминкан дароварданд.
-
Чӣ шуд ба ту, бобо? - пурсид Степан аз ҷо хеста.
-
Ман мемирам, Степан, рӯзам буд шуд, - базӯр гуфт Миша-бобо. - Вақташ ҳам шуд... лекин... фашистон... ҳамаро паронданд...
-
А?!...
Партизанҳо пирамардро ба тахтакати заминкан хобониданд. Вай канда-канда нафас мекашид. Степан ба рӯи Миша-бобо хам шуда, пурсид: -
Киҳоро парронданд? Дар куҷо?
Миша-бобо тамоми қувваашро ҷамъ карда гуфт: -
«СС»-чиён... ҳамаро... хурду калон... дар буттазор...
Пастхамии Гремучий..... -
Оилаи маро ҳам?
Миша-бобо сар ҷунбонд. -
Андрейкаро ҳам?
-
Надидам... намедонам..., - гуфту чашмонашро пӯшид ва ҷон дод.
Степан бо дастонаш сарашро дошта, фарёд кард:
- Чӣ даҳшате! Тамоми деҳаро-а! Охир дар он ҷо 315 одам буданд: 147 нафар зан, 41 нафар мард, 25 нафар бача.... Ҳамаашонро медонам. Оҳ нобакорон.
Фарзандони маро ҳам!.....
Пискунов аз ҷо хест ва дасташро ба китфи Степан гузошта гуфт:
- Пирамардро мегӯронем, ту бошӣ худи ҳозир як

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо