Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Андрейка низ аз ҷо ҷаста хест ва аз дар баромада гурехтаӣ шуд, ки Верахола пеши роҳашро гирифт.

  • Берун набаро, фашистон дида мемонанд, - вай аз дасти Андрейка гирифта, ӯро ба сӯи таҳхона кашола кард. Дари онро кушода ғарами картошка ва бочкаи пур аз карами шӯрро, ки дар кунҷи таҳхона буданд, нишон дод. - Ана дар паси онҳо баҷо шав, ман дарро аз болоят қулф карда, худам баромада меравам.

Андрейка ба таҳхона даромад ва Верахола дари онро қулф карда, ба кӯча баромад. Ӯ аз хамгашти кӯча гузашта ба сӯи ҳавлии арбоби деҳа равон шуд. Тақрибан дувоздаҳ нафар немису чор нафар политсай дар рӯи кӯчаи рӯ ба рӯи идораи управа гашту гузор мекарданд. Верахола худро ба паскӯчаи дигар зада, сӯи ҳавлии дугонааш Нина Семёновна, ки дар шафати идораи управа воқеъ буд, равон шуд. Вай барои эҳтиёт аз дари сари кӯча нею аз даричаи полиз ба ҳавлӣ даромад. Аз пешайвони хонаи Нина Семёновна он ҷое, ки фашистон гашту гузор мекарданд, намудор буд.

  • Ин лаънатиҳо боз барои чӣ омада бошанд-а? - пурсид Верахола аз дугонааш Нина, ки сӯи идораи управа менигарист.

  • Кӣ медонад? - гуфт Нина. - Шояд боз барои ғаллаю нон омадаанд.

  • Дар деҳа на нон монду на ғалла, боз чӣ мебаранд? Дар ҳамин асно чор нафар фашист ду хук ва ду нафар политсай як говро пеш-пеш карда омаданд. Соҳибони онҳо фарёд бардошта, ба назди идораи управа омаданд, лекин ба он ҷо даромада натавонистанд. Фашистон онҳоро бо дасти автоматҳо зада-зада аз назди идора пеш карданд.

Дере нагузашта фашистон гову хукҳоро ба мошина бор карда рафтанд. Соҳибони молҳо бошанд, арбобро, ки фашистонро гусел карда, ғарқи фикру хаёл дар сари кӯча рост меистод, дашном додан гирифтанд.

пешина
аз 349
навбатӣ