Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Аз байн ҳашт рӯз гузашт. Акнун Андрейка қувват пайдо карда беруну дарун баромадаю даромада мегашт. Вай ҳанӯз аз Верахола напурсида буд: «Ӯро кӣ ва чӣ хел ба ин ҷо овардааст; номи деҳа чӣ ва худи Верахола чӣ кора?». Умуман Андрейка бачаи шармгин, камгап буд ва одати кунҷковӣ надошт.
Дар рӯзи нуҳум, пас аз наҳорӣ, Верахола, ки зани тахминан панҷоҳсолаи харобҷусса ва хушгап буд, дар рӯ ба рӯи Андрейка ба курсӣ нишаста гуфт:
- Хароб шудӣ, ман барин дар баданат пӯсту устухон мондаасту халос.
- Аслан фарбеҳ набудам, - ҷавоб дод Андрейка.
- Чӣ, падару модарат хӯроки дуруст намедоданд? - гуфт Верахола бо табассум.
- Модарам, - гуфта монд Андрейка, - укоҳоям...
- Ҳоло онҳо дар куҷо?
Андрейка чанд лаҳза хомӯш истода, баъд ҷавоб дод: - «СС»-чиён модару хоҳарчаҳоямро ҳамроҳи тамоми аҳли деҳа тирборон карданд, падарам бошад, партизан аст, лекин дар куҷо буданашро намедонам.
- Афсӯс. Фашистони лаин духтари ман Зинаидаро ҳам парронданд. Зинаида, ҳангоми ба вай дарафтодани афсари немис, ба шиками ӯ як лагад зада, ба рӯяш туф карда буд. Верахола чуқур оҳ кашид.
- Ҳамроҳи худам дар ферма гов медӯшид. Говдӯши номӣ буд. Медал дошт...
- Писар надоред? - пурсид Андрейка.
- Не, - ҷавоб дод Верахола. - Шавҳари Зинаида Матвей буд, ки дар ҷанги Финляндия ҳалок гардид. Ман ӯро мисли писари худам дӯст медоштам.
Ҳамин дам ғурриши мошину мотосикл баланд гардид. Верахола ҷаста, аз ҷо хест ва аз паси тиреза ба берун назар кард.
- Фашистон! - гуфт ӯ рӯяшро нагардонида. - Боз барои чӣ омада бошанд?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо