Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

назди холаш Анастасия Андреевна меравад. Анастасия Андреевна модари робитачии партизанҳо дар Чернухино буд. Робитачӣ Глеб ном дошт, ки дар яке аз ҷангҳои охирин ҳалок шуда буд.

Андрейкаро пас аз ду ҳафта, ки ҳамроҳаш шаш нафар партизан буд, худи сардори отряд Кононенко ба роҳ гусел кард.

  • Эҳтиёт шав, Андрейка, - таъкид кард ӯ, - вазифа хеле муҳим аст, онро ҳатман иҷро кардан даркор.

  • Кӯшиш мекунам, рафиқ командир, - гуфт Андрейка ва ба Василий чашмак зада бо табассум илова намуд: - Маслиҳату насиҳатҳои Василий - амак низ аз хотирам фаромӯш намешавад.

Разведкачиён гашти рӯз ба роҳ баромада, пас аз тай кардани қариб ҳаштод километр масофа, ки бештар аз беша мегузашт, бегоҳии рӯзи дигар ба деҳаи Лукашино расиданд. Деҳаи Лукашино аз чилу панҷ-панҷоҳ хонавода иборат буд. Баъди истилои фашистон бисёр сокинони деҳа кӯчида, ба ҳар тараф пароканда шуда рафтанд. Дар деҳа асосан занону кӯдакон зиндагӣ мекарданд. Сокинони деҳа ба рӯйхати махсус гирифта шуда, ба сабаби ба истгоҳи Чернухино наздик буда-нашон ҳақ надоштанд, ки ба ҷое раванд. Аз дигар маҳалҳо ба ин ҷо омадани одамон низ манъ буд. Партизанҳо ба хонаи кампир Людмила Антоновна, ки пештар ҳам ба ин ҷо рафтуомад доштанд, даромада дам гирифтанд, сару рӯ шустанд, хӯрок хӯрданд. Люд-мила Антоновна ба партизанҳо гуфт, ки қариб як моҳ боз немисҳо ба деҳа рафтуомад надоранд ва ба Чер-нухино рафтан ҳам намемонанд. Аз гуфтаҳои Людмила Антоновна аз Лукашино фақат Маруся Ковалёва, ки гӯё ба кадом як калоншавандаи немисҳо шинос буд-аст, барои ба Чернухино рафтан рухсатнома доштааст.

  • Ҳоло Маруся дар хонааш? - пурсид Василий.

Рӯзи гузашта ба Чернухино рафта буд. Ҳоло барна-гаштааст,- ҷавоб дод Людмила Антоновна.

пешина
аз 349
навбатӣ