Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

Андрейка, - бисёр чиз медонанд, дар гуфтугӯ ва баҳсу мунозира кам мулзам мешаванд...». Вай Кононенкоро дида, салом дод ва Андрейкаро нихта карда гуфт:

  • Хеле китоб хондаӣ, бисёр чиз медонӣ. Ин хуб аст, лекин дар вақти ҷавоб додан фикр ва мулоҳиза карда гап заданат ба ман чандон маъқул не: шарт-шарт гап задан ва ба савол тез ҷавоб доданро ёд гир, - вай ба Кононенко рӯ овард.
  • Дуруст гуфтам, рафиқ командир?
  • Разведкачии ҷавон бояд ҳамин хел бошад, - ҷавоб дод Кононенко ва баъд табассум карда гуфт:
  • Пас аз ҷудо шудан аз командират ғамгин менамудӣ, лекин ҳозир дида истодаам, ки димогат чоқ барин.

Командири Антонов ҳамон лейтенант Владимиров буд, ки аз хусуси ӯ дар қисми аввали китоб сухан карда шудааст.

  • Ба ин Андрейка «гунаҳгор», - гуфт Василий хандида, - зеҳнаш тез ва ба ҳамаи чиз хуб сарфаҳм меравад. Ман ин хел бачаҳоро дӯст медорам.

Кононенко бо чӣ мақсад ба ин ҷо омаданашро ба хотир оварда, ба Андрейка зеҳн монд. «Айни муддао, - гуфт Кононенко аз Андрейка чашм наканда, - маҳз ана ҳамин хел бачаро ба истгоҳи Чернухино фиристодан даркор: вай аз уҳдаи иҷрои супориш мебарояд».

Кононенко Василий ва Андрейкаро ба заминкани худ гирифта овард ва аз хусуси вазифае, ки штаби иттиҳодияи партизанӣ ба отряд супурда буд, гап кушод.

  • Ба фикрам, Андрейка аз уҳдаи ин кор мебарояд, - гуфт Василий.
  • Ман ӯро тайёр мекунам, истифода кардани ратсияро ҳам ёд медиҳам.

Дар дасти Кононенко чанд нусха рухсатномаи коменданти шаҳри Лисичанск буд. Вай яке аз онҳоро ба номи Андрейка навишта дод, ки гӯё вай бепадару модар мондааст ва ҳоло ба истгоҳи роҳи оҳани Чернухино

пешина
аз 349
навбатӣ