Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
- Шумо, хонум, метавонед равед, - мувофиқи тартибот ман бояд ҳар касеро, ки бо рухсатномаи муваққатӣ ба ин ҷо меояд, ба комендатура бубарам. Дар он ҷо вайро ба қайд мегиранд, суҳбат мекунанд, баъд мумкин аст, холашро ёфта, бо ӯ рӯ ба рӯ кунонанд. Ана ҳамин тавр, хонум. Ба шумо ҷавоб, - гуфт патрул ва рухсатномаи Андрейкаро ба сумкааш гузошта, ӯро пеш-пеш кард.
Маруся хуб медонист, ки агар Андрейкаро ба комендатура бурда, бо Анастасия Андреевна рӯ ба рӯ кунонанд, вай «холашро» намешиносад. Анастасия Андреевна ҳам ӯро надидааст ва аз андешаю мақсади партизанҳо хабар надорад. Пас, тақдири Андрейка чӣ мешавад? Бо ҳамин андеша Маруся ба вокзал омадани худро надониста монд.
Маруся ба чор тараф назар карда, иморатҳои валангоршудаи ҳанӯз сӯхтаистода, вагону паровозҳои чаппаю роста шуда, роҳҳои оҳани вайрон, чуқуриҳои аз зарби бомба пайдошударо медиду сарнишини дар чакалакҳои қариби деҳа ҳалокгаштаро ба хотир меовард. Дар ҳақиқат, истгоҳи роҳи оҳани Чернухино дар натиҷаи ҳуҷуми самолётҳои мо ба муҳлати дуру дароз аз кор баромада буд. Сарнишинҳо кори мекардагиашонро кардаанд. Бинои депо тамоман валангор буду ҳанӯз месӯхт. Бинои худи вокзал ва майдончаи назди он, инчунин худи ҷои қароргоҳи поездҳоро тамоман шинохта намешуд. Истгоҳ ва депо, инчунин роҳҳои атроф пур аз фашистон ва коргарон буданд. Одамон чӯбу тахта, сангу хиштҳоро чаппаю роста карда, ҷасади фашистони ҳалокшударо кашола карда мебароварданд, роҳҳоро дуруст мекарданд ва бинои депоро ба тартиб медароварданд. Маруся аз байни издиҳом гузашта, ба кӯчаи сари бозор раҳсипор шуд. Имрӯз рӯзи бозор бошад ҳам, одам хеле кам буд. Ду нафар патрул аз пеши Маруся баромада рухсатномаи ӯро тафтиш

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо