Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

карданду боз гардонда доданд. Маруся аз патрулҳо гузашта, ба идораи комендатура наздик шуд. Ко-мендант Марусяро аз паси тиреза дида, худаш ба истиқболи вай баромад.

  • Истгоҳро дидӣ, русҳои лаънатӣ чӣ тавр бомбабо-рон кардаанд!

  • Дидам, Генрих, дидам, ҳама валангор шудааст. Маруся аз забони Генрих фаҳмид, ки барои зудтар барқарор кардани Чернухино аз Кадиевка тақрибан 600 нафар асирони ҳарбӣ меоваранд.

Маруся ба ин гапи Генрих чандон аҳамият надодагӣ барин сухани ӯро бурид.

  • Медонӣ чӣ, Генрих? Ман ба ту кори зарур до-рам, ту бошӣ бо ман тавре гап мезанӣ, ки гӯё ҳисо-бот медода бошӣ. - Ин гапҳо чӣ даркор!

  • Хайр, чӣ кор дорӣ? - пурсид Генрих.

  • Бо ҳамроҳии ман, - гуфт Маруся,-аз Лукашино писарчае омада буд, ки падару модарашро сарбозони шумо куштаанд. Вай холашро, ки ғайр аз ӯ дигар касе надоштааст, ҷустуҷӯ карда, ба ин ҷо омадааст. Дар даромадгоҳи истгоҳ патрулҳо ӯро нигоҳ доштанд ва ҳоло ба ин ҷо мебиёранд, ятим, бекас аст. Илти-мос, ту ӯро озод кун.

  • Худат медонӣ, ки ба ин ҷо бе рухсатнома омадан мумкин нест. Ӯ чӣ хел омадааст?

  • Вай рухсатнома дорад.

  • Рухсатнома дорад мегӯй?

  • Ҳа, дорад.

  • Пас кори осонтар аст. Рухсатномаашро ба қайд мегирему ҷавоб медиҳем.

  • Не, Генрих, ту бояд рафта, ба ӯ ёрӣ расонӣ.

  • Ин кор аз дастам меояд, - гуфт Генрих ва ба Ма-руся калиди хонаашро дароз кард. - Медонӣ-чӣ? Ту ба хона рав ва то омадани ман ягон хӯрок тайёр кун, ҳеҷ набошад, тухмбирён.... Ман ба зудӣ бармегардам.

пешина
аз 349
навбатӣ