Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

панҷ-шашсола машғули бозӣ буданд. Даричаи даромади ҳавлии рақами 36 қулф буд. Маруся ба назди бачагон рафт.

  • Хонаи 36 аз они кист? - пурсид Мария аз бачаҳо.
  • Аз они Анастасия Андреевна, - ҷавоб дод бачаи паҳмоқмӯе.
  • Ӯ дар куҷо?
  • Намедонем, - гуфт бача кифт дарҳам кашида,
  • мумкин ба бозор рафта бошад.

Дар ҳамин асно чор нафар сарбози немис тақрибан бист нафар одамони моро пеш-пеш карда, ба тарафи вокзал рафтанд. «Онҳоро ба кор мебаранд», - гуфт Маруся ба худаш. Дар чорраҳае, ки ба тарафи вокзал мерафт, кадоме аз бандиён аз қатор баромада, ба тангкӯчаи самти чап гурехт. Аввал садои тири автомат, баъд овози «Ҳалт! Ҳалт!» гуфтани немисҳо баланд гардид. Ду сарбози немис аз паси ӯ давиданд. Боз садои тирпарронӣ шунида шуда, як гурӯҳ политсаю патрулҳои кӯчагард ҳавлиро иҳота карданд. Гуреза илоҷи аз он ҷо баромадан надошт. Лаҳзае нагузашта чор нафар сарбоз марди гурезаро бо дастаи автоматҳояшон зада-зада аз ҳавлӣ бароварданд. Сару рӯи марди гуреза огуштаи хун буд. Ӯро кашола карда, ба кӯча бароварда, чоркаса задан гирифтанд. Чунон заданд, ки марди гуреза аз ҳол рафта беҳуш шуд. Баъд Ӯро бардошта ба по рост карданӣ шуданд. Ӯ ба по намеистод. Кадоме аз сарбозон Ӯро аз автомат парронд.
Андрейка лаҳзае чашмонашро пӯшид. Аз куҷо мошине пайдо шуд. Чор нафар фашистон аз он фуромада, марди гурезаро аз дасту пояш гирифта, ба мошин партофтанд, баъд ба тарафи номаълуме рафтанд.

Марусяю Андрейка боз ба дари ҳавлии рақами 36 омаданд. Аз рӯ ба рӯи онҳо бо роҳрави тарафи кӯчаи рост Анастасия Андреевна меомад, ки Ӯро на Маруся мешинохту на Андрейка.

пешина
аз 349
навбатӣ