Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

Кампир ба дари хонааш расида пурсид:

  • Ба шумо кӣ даркор?
  • Анастасия Андреевна, - гуфт Маруся.
  • Ман Анастасия Андреевна, - гуфта ӯ дарро кушод ва Марусяю Андрейкаро ба хона таклиф кард.
  • Ҳамаи гапро Володя ба шумо мегӯяд, - гуфт Маруся Андрейкаро нишон дода. - Ман бояд фавран назди Генрих биравам,- вай, аз афташ, ба ҷое меравад. Якдигарро боз мебинем, албатта. Хайр, Володя!
    Муваффақият металабам.
    Андрейка осуда шуда гуфт:
  • Вақти ба деҳа рафтанат албатта маро дида рав.
    Хайр, то боздид!

V

Фронт торафт наздик мешуд. Фашистон деҳоту шаҳрҳои вилояти Ворошиловградро аз даст дода, бетартибона ақибнишинӣ мекарданд. Артиши мо акнун ба сарзамини вилояти Ворошиловград дохил шуда буд.
Фашистони истилогар шаҳрҳои Кадиевка, Первомайск, Макеевка, Сталино, Краснодон ва ғайраро, ки манбаи асосии аз ангишт таъмин кардани артиши фашистӣ ба шумор мерафт, аз даст додан намехостанд. Ба ноҳияҳои минтақаи партизанӣ наздик шудани фронт амалиёти партизанҳоро пуризӯр мекард. Партизанҳо дар ҳама ҷо ба фашистон зарбаи марговар мезаданд. Амалиёти партизанӣ торафт авҷ мегирифт. Партизанҳо қариб дар ҳамаи шаҳру деҳоте, ки зери истилои фашистон монда буданд, одамони худро доштанд.
Штаби иттиҳодияи партизанӣ ба истгоҳи роҳи оҳани Чернухино диққати калон медод. Разведкачиёни партизанҳо бо гурӯҳи муборизони пинҳонкори ин истгоҳ алоқаи мустаҳкам доштанд. Тамоми эшелонҳое, ки ба воситаи ин истгоҳ ба фронт мерафтанд, ба партизанҳо

пешина
аз 349
навбатӣ