Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан
  • Не, Маруся, ба бозор даромада натавонистам.
  • Чаро?
  • Патрулҳо бозорро иҳота карда намемонанд, ки касе ба бозор дарояд ва ё аз бозор баромада равад.
  • Чӣ воқеа рӯй додааст?
  • Худам ҳам намедонам.
  • Эҳтимол ягон кас аз ҳабсхонаи гестапо гурехта бошад, - гуфта ба гап ҳамроҳ шуд Анастасия Андреевна.
  • Инашро ҳам намедонам, - гуфт Андрейка, - ҳаминашро дидам, ки фашистон ҳар касеро, ки ба дасташон афтад, мекофтанд, ҳуҷҷатҳояшонро дида баромада, ба бозор медароварданд.
    Андрейкаю Шултс белро гирифта дар полиз, дар зери дарахте чуқурие кофта, ратсияро бо борхалтааш дар он ҷо гӯр карданд. Баъд Шултс барои фаҳмидани вазъият ба кӯча баромад. Вай рост ба кӯчаи калони мошингард баромада, ба тарафи бозор равон шуд. Аз пеш се нафар сарбозони гитлерӣ меомаданд. Шултс, ки дар либоси ефрейтори немисӣ буд, худро ба нодонӣ зада, аз онҳо пурсид:
  • Киро ҷустуҷӯ мекунанд?
  • Магар нашунидӣ? - пурсид яке аз патрулҳо.
  • Не, - ҷавоб дод Шултс, - ман ҳамин пагоҳ омадам.
  • Дина ду нафар партизан ба даст афтода буданд. Ҳангоми ба бозор омадан, лаънатиҳо гурехта, худро ба байни мардум заданд. Аз пагоҳӣ боз мекобем, ёфта наметавонем.
    Шултс дар даромадгоҳи бозор бо Андрейка вохӯрд. Андрейка як ба атроф нигоҳ карда, баъд оҳиста гуфт:
  • Ба хона баргард, ҳозир Франс ҳам ба он ҷо меояд, ман суроғаро додам.
    Ҳар ду ба ҳар тараф рафтанд.
пешина
аз 349
навбатӣ