Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ту бояд ба воситаи Шултс бо Франс аз наздик шинос шуда, мақсади ӯро бифаҳмӣ. Дар ин ҷо ба Шултс монанд одамони шубҳанок бисёранд, фашистон метавонанд, кӣ будани ӯро ошкор карда, худашро ҳабс кунанд. Баъди вохӯрӣ бо Франс Шултс бояд ҳатман ба отряд баргардад. Фаҳмидӣ?

  • Фаҳмидам, - ҷавоб дод Андрейка.

Ҷойи истодани Франсро Андрейка намедонист. Андрейка инчунин намедонист, ки Франс чӣ кора аст: ба хизмати доимӣ ба ин ҷо омадааст, ё ки боз баргашта ба қисми худ меравад? Ба ин савол худи Франс ҷавоб дода метавонист, бинобар он ба Андрейка лозим буд, ки ба назди казармаҳои сарбозони немис, ба бозору истгоҳ рафта ӯро ҷустуҷӯ кунад.

Пагоҳии рӯзи дигар Андрейка халтаи бозориашро гирифта, ба ҷустуҷӯи Франс ба бозор рафт. Ҳамин ки Андрейка аз хамгашти бинои назди бозор гузашта, ба кӯчаи сари бозор даромад, аввал мағали мардум ва баъд садои тир ба гӯш расид. Сарбозони немис ба чор тараф даву тоз доштанд. Бозорчиҳо доду фиғон бардошта, ба чор тараф мегурехтанд. Сарбозони немис бошанд, онҳоро аз роҳ гардонда, боз ба бозор медароварданд.

Андрейка худро ба канор гирифта, ба ин манзара аз дур бо диққат назар мекард. Вай намедонист, ки дар бозор чӣ ҳодиса рӯй додааст. Фақат ҳаминро медид, ки сарбозони немис тамоми одамони дар беруни бозор бадастафтодаро нигоҳ дошта, ҳуҷҷат мепурсиданду ба ҷое рафтан намемонданд.

Андрейка, ки акнун ба ин гуна ҳодисаҳо одат карда буд, худро бепарво нигоҳ медошт ва аз дур дар байни сарбозони немис Франсро меҷуст. Аммо Франс ба чашм наменамуд. Андрейка ноумед шуда ба хона баргашт.

  • Чаро зуд баргаштӣ? Франсро ёфтӣ? - пурсид Маруся.
пешина
аз 349
навбатӣ