Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҳайвоне фарамада истода буд. Нурҷон гург будани онро даррав фаҳмид. Ӯ шунида буд, ки гурги мода ҳиллагар буда, то даме ки сайд ба домаш наафтад, чун рӯбоҳ ҳиллаю найрангҳоро ба кор меандозад, фириб медиҳад. Вай пеш аз ин ба маънои ин суханҳо аҳамият намедод ва дар амал чӣ тавр нағмагар будани гурги модаро тасаввур ҳам карда наметавонист. Аммо ҳозир... Ана, помонии ӯро бинед, гӯё вай гург не, балки саг асту бо дидани «соҳиби» худ ноз карда омада истодааст. Аҷаб «соҳиби» хубе доштагӣ! Агар ҳозир ин «соҳибат» ба чанголат афтад!
Ба чашми Нурҷон як ҳаракати гург даҳ намуда, ӯро марговор тарсонид. Вай ҷони худро аз марг халос карданӣ шуда, хост, ки ба шохи дарахт часпида барояд, аммо Пешонакашқа ва гӯсолаи навзоди онро дида, боз истода монд. «Чӣ кор кунам? - мепурсид Нурҷон худ аз худ. - Наход ки ман дар ҳамин ҷо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё