Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
истода, гурги лаънатии гову гусолаамро чок карда равад? Роҳила ва падарам чӣ мегӯянд?»
Ногоҳ ба сари Нурҷон фикре омад. Вай зуд аз кисаи шалвораш қуттии гӯгирдро бароварда, чаҳор донаашро якбора даргиронд. Баробари дидани оташ, гург чанд қадам ақибтар рафт.
- А-ан-нна... ёфтам, илоҷи тарсонданатро... - гуфт Нурҷон дарақ-дарақ ларзида ва андак ба худ омада. Нурҷон ба хотир овард, ки Роҳила ғайри гӯгирд қоғаз ҳам дода буд. Вай далертар шуда, аз киса қоғаз бароварда, оташ зад ва гург бо дидани дуд ва алангаи бисёр роҳи гурезро пеш гирифт. Дар ҳамин асно Роҳила ва падари Нурҷон ҳам расида омаданд.
Нурҷон қоғази сӯхтаистодаро ба як тараф партофта, ба пешвози онҳо давида рафт. Вай воқеаи ҳамин ҳоло рӯйдодаро бо ҳаяҷон ҳикоя карда дод. Падараш ӯро барои ҷасораташ офарин хонд. Вақте ки гӯсоларо бардошта ба роҳ даромаданд, Роҳила пурсид: - Гурги калон буд? Росташро гӯй, тарсидӣ?
Нурҷон гӯё кайҳо ба ин савол ҷавоб ёфта монда бошад, фикр накарда гуфт: - Одам тарсончак набошад, ҳама кор нағз анҷом меёбад. Ба ҷасорати ту ҳам Роҳила, ман қоил! Падар гуфтӯгӯи ин ду писараку духтараки далерро шунида завқ мекард ва хеле хурсанд буд.
ЧАРО ШАМСӢ ГИРЯ КАРД?
Шамсӣ хислати аҷоиб дошт: ба саҳл гап даррав
меранҷид, вале хафагиро зуд фаромӯш мекард. Барои
вай ҳама чиз: парранда, таппонҷаи бачагона, китоби
суратдор ва боз бисьёр чизҳои дигар маъқул буд,
аммо баъди андак вақт ин чизҳо ба дилаш мезаданд
ва ӯ хурсандии наве меҷуст. Боре падари Шамсӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё